Худ ва атрофиёнро аз сироят эҳтиёт намудан вазифаи ҳар сокин аст!

Бемории COVID-19 дар ҷаҳон хурӯҷ намуда, ҳазорҳо нафар ба ин бемории хавфнок олуда шуда, бар асари гирифторӣ ба ин вабо ҷон бохтаву чанде аз онҳо шифо ёфтаанд. Бо мақсади пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии бемории COVID-19 дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо роҳбарии Раиси вилоят ситод таъсис ва пайваста ҷаласа бо роҳбарону масъулон гузаронида шуда, корбарӣ идома дорад.

Доир ба пешгирӣ намудани вируси COVID-19 дар вилоят сардори шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии вилоят Лолахон Файззода иброз намуд, ки паҳн шудани бемории сироятии COVID-19 имрӯз дар ҷаҳон ташвишовар арзёбӣ гардида, боиси хушбахтист, ки ягон сокини минтақаи кишвар ба ин беморӣ гирифтор ва дар миқёси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст. Айни замон дар назди Раёсат ситод оид ба пешгирии ин беморӣ амал намуда, баҳри пешгирӣ аз ин вирус дар биноҳои кории шуъбаву бахшҳо аз ҷониби мутахассисони Маркази санитарӣ - эпидемиологии вилоят корҳои безараргардонӣ гузаронида шуда истодааст.

Бояд қайд намуд, ки дар шуъбаҳои муассисаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру навоҳии вилоят баҳри эмин доштан аз ин беморӣ бо ҳароратсанҷ, дастпӯшак, хлор, ниқоби яккарата, дока барои безараргардонии дастакҳои дари ҳуҷраҳо таъмин гардида, корҳои безараргардонӣ идома дорад.

Бо мақсади пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва паҳншавии сирояти бемории COVID-19 ва ҷиҳати роҳандозии назорати умумии чорабиниҳо аз ин сироят маводи безараргардонӣ, шӯянда ва маҳлули антисептикӣ низ дар муассисаҳо истифода бурда мешаванд. Айни замон оид ба пешгирии ин беморӣ бо Маркази санитарӣ - эпидемиологии вилоят ҳамкории зич ба роҳ монда шудааст.

- Бо мақсади пешгирӣ ва ҳифз намудани сокинон аз ин вирус бояд ҳар як сокини мамлакат дастаҷамъона корро ҷоннок намуда, нагузорем, ки ин беморӣ ба сарзамини мо ворид шавад, - иброз дошт Лолахон Файззода.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh