Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолони Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолони Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мулоқот намуд.

Дар мулоқот, ки бо ҳузури роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят, роҳбарияти ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва раисони маҳаллаҳо ҷараён гирифт, масъалаи пешгирии сирояти коронавирус мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимни мулоқот таъкид карда шуд, ки дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо амри Раиси вилояти Суғд Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии сирояти коронавируси COVID-19 ташкил карда шуда, нақшаи чорабиниҳо таҳия гардидааст.

Бо назардошти он ки Ҷамоати деҳоти Хистеварз бо кишвари ҳамсояи Қирғизистон ҳаммарз буда, дар давлати ҳамсоя карантин эълон шудааст, сокинони ҷамоатро зарур аст, ки баҳри ҳифзи саломатии худ ва дигарон масъулияти бештар ҳис намоянд.  Зеро пешгирии сирояти коронавирус кори дастаҷамъӣ буда, пеш аз ҳама сокинони наздимарзӣ бояд аз эҳтиёт кор бигиранд, то интиқоли коронавирус пешгирӣ кард шавад.

Гуфта шуд, ки дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва минтақаҳои наздимарзӣ назорат пурзӯр мебошад. Вале ҳастанд шаҳрвандоне, ки ба хотири манфиатҳои худ дидаву дониста хати марзро убур мекунанд. Аз ин хотир, аз масъулини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, аз ҷумла раисони маҳаллаҳо ва фаъолон даъват карда шуд, ки дар байни мардум корҳои тарғиботиро ҳарчи бештар ба роҳ монанд. Чун як амали ноҷои шаҳрванд метавонад ба интиқоли коронавирус боис гардад, ки ин ба саломатии давлату миллат хатар эҷод мекунад. Бинобар сокинонро зарур аст, ки худро эҳтиёт намуда, то муътадил шудани вазъ аз сафар канораҷӯӣ намоянд.

Ёдовар бояд шуд, ки мувофиқи маълумоти нави Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ то имрӯз дар ҷаҳон 1 миллиону 349 ҳазору 784 нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора 74 ҳазору 820 нафар вафот карда, 286 ҳазору 664 кас шифо ёфтаанд ва 47 ҳазору 412 тан дар ҳолати вазнин қарор доранд. Дар давлатҳои Осиёи Марказӣ – Ӯзбекистон – 472, Қазоқистон — 670 ва Қирғизистон — 228 ҳолати сироятёбӣ ошкор шудааст. Миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон то имрӯз ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh