Тарси «Коронавирус» ва нархи сирпиёз

Имрӯз вазъияти ҷаҳон ҳамаро ба таҳлука андохтаву аз ин вазъ фурӯшандагони беинсоф истифода мекунанд. Аҷаб замоне пеш омада, савдогарон баробари шунидани оне, ки фалон маҳсулот ба саломатӣ фоидаи калоне дораду аз беморӣ эмин медорад, нархи онро чор - панҷ баробар боло мебаранд.

Нархи сирпиёзу исириқ (ҳазориспанд) дар ин чанд рӯзи охир якбора ба осмон дакка зад.

Назди чанд нафар фурӯшанда барои харидани сирпиёз рафтам, аммо навбат то ба ман нарасид. Хайр, бало ба пасаш гуфтаму 50 сомонии дар даст доштаамро дар киса маҳкам дошта, боз ба ҷустуҷӯи сирпиёз шитофтам. Аз афташ, ҳама аз фоидавовар будани сирпиёз огаҳӣ пайдо кардаанд, - гӯён як ба як ҳамаро аз назар гузаронидам.

Хушбахтона, чашмонам ба сирпиёзи ҳаҷман хурд афтод. Саросемавор, гӯё тилловорӣ ёфта бошам, сӯяш давидам. Эҳ, ана сирпиёзу мана сирпиёз гӯён, ба фурӯшанда муроҷиат кардам.

- Додарҷон, аз ҳамин сирпиёзи хурдакакатон як килоякак баркашида диҳед. Агар камтар калонтар мебуд, ду кило мегирифтам.

Фурӯшанда саросема халтачаи селофаниро гирифта, сирпиёзро дарунаш андохту болои тарозу гузошт. Ростӣ, тарозуяш барои як килои расо шудан камтар мелангид.

- Додарҷон, ин кадар сахтӣ накунеду барои баракааш боз якто партоед, - илтимос кардам. Вале гӯё ӯ маро намешунид, халтачаро сӯям дароз кард. Хайр, як сирпиёз кам шавад, ҳеҷ гап намешудагист. Аз кисаам ҳамон панҷоҳ сомониро ба фурӯшанда дароз кардам. Ӯ сӯям бо тааҷҷуб нигарист.

- Мебахшед, боз 35 сомонӣ, - гуфту болои сатили чаппагардон нишаст.

Шояд ман ӯро хато фаҳмида бошам, даррав табассумкунон гуфтам:

- Додарҷони ширинам, шояд Шумо маблағи дарозкардаамро панҷ сомонӣ фикр кардед? Нағзтар нигоҳ кунед, ман 50 сомонӣ дароз кардам.

- Нархи як кило сирпиёз 85 сомонӣ аст, - гуфт писхандзанон фурӯшанда.

Гумон кардам, ки шӯхӣ мекунад, ман ҳам паст наомада гуфтам:

- Ман пистаи хандон ё бодоми афғониро харида истодам магар? Охир, ин сирпиёзи хурд - хурди пучшудаистода аст!

Фурӯшанда бо ситеза аз дастам халтачаи сирпиёзро гирифта, 50 сомониро баргардонд.

Ман ҳам аз наздаш дур шудам. Охир, дар куҷо шунидаед, ки нархи як кило сирпиёз 85 сомонист?! Дар назди фурӯшандаи дигаре мардуми зиёд ҷамъ омада буданд. Ман ҳам ҳамон тараф шитофтам. Вақте наздик шудам, дидам, ки мардум барои харидани сирпиёз ва ҳазориспанд ҷамъ шудаанд.

Ин ҷо ҳам қариб буд, ки ҳуш аз сарам парад, зеро як бандчаи хурдакаки исириқ 5 сомонӣ шудааст. Агар нархи ҳазориспанди хушкшуда ин қадар боло равад, пас вой бар ҳоли мо. Охир, онро рӯёнидану нигоҳубин кардан ва ё дастрасии он муаммое надорад. Пас бо кадом сабаб нарх боло рафтааст? Сирпиёз ҳам ба монанди испанд дар замини худ парвариш карда мешаваду боло рафтани нарх бо кадом сабаб аст? То ба имрӯз нархи сирпиёз аз 10 - 15 сомонӣ боло нарафта буд!

- Эҳ - ҳе, замона куҷоҳо меравад? - Афсӯс мехӯрам, ки бархе аз фурӯшандаҳо аз шароити мусоид истифода бурда, нархи маҳсулоти худро боло бурдаанд.

Шояд намояндагони мақомоти дахлдор аз нарху навои болорафтаи бозор хабаре надоранд ё барои харидани ин гуна маҳсулоти зарурӣ наомадаанд?

Ба ҳар нафар инсоф лозим аст, зеро ба ҷойи ҳамдигарро дастгириву маҳсулотро арзон кардан бархе аз ҳаннотону пулпарастон нархро чунон ба осмон дакка занондаанд, ки кас дар ҳайрат мемонад!

Гумон мекунам, ки мардум на аз беморӣ, балки аз тарси болоравии нархи маҳсулот асабӣ шуда, ҷон ба ҷаббор месупоранд! Боқӣ ба ҳар нафаре, ки нарху навои бозорро боло мебардорад, инсоф талаб мекунам. Ман бошам, 50 сомонии худро аз нав ба киссаам андохта, роҳи ҳавлиамро пеш гирифтам.

Шаҳбону ОЛИМӢ,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh