Тарғиботи “Созандагони Ватан”

Имрӯз бемории сироятии COVID – 19 ҷаҳонро фаро гирифтааст. Хушбахтона, дар Тоҷикистон гирифторон ва ҳомилони ин беморӣ ба қайд гирифта нашудаанд. Бо вуҷуди ин барои пешгирии ин ва дигар бемориҳои сироятӣ риояи гигиенаи шахсӣ зарур мебошад.

Бо мақсади пешгирии паҳншавии вируси COVID – 19 дар тамоми ташкилоту муассисаҳои шаҳри Конибодом низ корҳои таблиғотӣ ва фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом дар ҳамкорӣ бо Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳр дар кӯчаҳои марказӣ, нуқтаҳои хизматрасонӣ, муассисаҳои таълимӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, маводи тарғиботиро насб ва тақсим намуданд. Тарзи ҳаёти солим бар зидди тамоми бемориҳо таъсири мусбӣ хоҳад расонид.

Ҳамчунин, дар маҳфили “Дӯзанда”-и Коллеҷи омӯзгории шаҳр донишҷӯён ба дӯхтани ниқобҳои пахтагӣ машғуланд.

Аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” ҳамарӯза аксияро ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ ба роҳ мондаанд.

Сурайё Ҳакимова,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh