Раҷаббой Аҳмадзода: Мо бояд аҳлона зидди ин беморӣ мубориза барем!...

Ҷаласаи ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ ва бартарафкунии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла СOVID - 19 

Санаи 14 майи соли равон дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи   навбатии Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ ва бартарафкунии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла СOVID - 19  доир гардид.

Дар ҷаласа муовинони Раиси вилоят, Роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони як қатор сохторҳои вилоятӣ, аъзоёни ситоди вилоятӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори умум ширкат варзиданд.

Ҷаласаро Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати тақвияти пешгирӣ ва тадбирҳои бартарафкунии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла СOVID – 19ҳарф зад. 

Дар ҷаласа муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ роҷеъ ба вазъи имрӯзаи паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва тадбирҳои андешида шуда, ҷараёни муолиҷаи беморон дар муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои вилоят,  ҳолати таъминот бо лавозимоти тиббӣ, аз ҷумла корҷома, ниқоб, маводҳои антисептикӣ,  дорувориҳои протоколии ташхисӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Мавсуф аз ҷумла таъкид дошт, ки ба хотири пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ дар 64 участкаҳои интихоботӣ нуқтаи тиббӣ ташкил гардида, фаъолияти табибони оилавӣ ҷоннок карда шудааст. Марказҳои саломатии шаҳри Хуҷанд бо автомошинаҳои махсуси тиббӣ, муассисаҳои тиббии он бо 143 дастгоҳи нафаси сунъӣ таъмин гардидаанд ва корҳо дар ин самт идома дорад.

Мутобиқи дастури Раиси вилоят дар Раёсати тандурустии вилоят Маркази тамос оид ба масъалаҳои  COVID-19 ташкил шудааст, ки барои  сокинони вилоят давоми шабонарӯзӣ хизмат мерасонад.

Тибқи маълумот алҳол коргоҳҳои истеҳсолии вилоят дӯхтани корҷомаҳои муҳофизатӣ ва ниқобҳоро аз матоъи истеҳсоли ватанӣ ба роҳ мондаанд. Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини соҳаҳои саноат ва тандурустии вилоят дастур дод, ки бобати захираи ҳарчи бештари корҷомаҳои муҳофизатӣ ва ниқобҳо тадбирҳо андешанд.

Мавриди зикр аст, ки алҳол дар як руз зиёда аз 4000 адад корҷома ва 270 ҳазор дона ниқобҳои муҳофизатӣ истеҳсол ва ба муассисаҳои тиббӣ ва сокинон дастрас мегардад.

Раиси вилоят ҳамчунин ба масъулин дастур дод, ки корҳои безараргардонӣ ва дезинфексионӣ ҷоннок карда шуда,  дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, мавзеъҳои истиқоматӣ ва роҳравҳо пайваста гузаронида шавад.

Минбаъд бо дастури Раиси вилоят табибоне, ки ба карантин мебароянд, бо ҷойи махсус ва шароитҳои зарурӣ таъмин карда мешаванд.   

Яке аз масъалаи асосӣ ин таъминоти беморон бо маводи доруворӣ аст.    Дар ҷаласа ба Раиси вилоят оид ба захираи маводи доруворӣ дар анборҳои ширкатҳои асосии воридкунандаи маводи фармасевтӣ маълумот дода шуд.

Ҳамзамон, дар ҷаласа вазъи таъминоти муассисаҳои тиббӣ бо оксиген баррасӣ гардид. Раиси вилоят масъулинро бобати дарёфти зарфҳои махсус барои оксиген ва таъмину захираи беморхонаҳо бо он вазифадор намуд.     

Дар ҷаласа, ҳамчунин ба масъулин дастур дода шуд, ки дар байни мардум корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳиро дуруст ба роҳ монанд, зеро то ба имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят талаботҳои пешниҳодшуда риоя намегарданд. Чунончӣ, дар баъзе шаҳру деҳоти вилоят сокинон бе истифода аз ниқоб гаштугузор намуда, беҳдошти гигиенаи шахсиро риоя намекунанд. Равуои байни хонаводагӣ то ҳол идома дорад, ки ин  амал боиси зиёд паҳн гаштани беморӣ шуда метавонад.

Раиси вилоят ҳамзамон дар ҷаласа ба масъулин бобати дуруст ба роҳ мондани корхонаҳои саноатӣ, роҳандозӣ намудани содироти маҳсулоти ватанӣ, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки дар ин самт камбудиҳо ҷой доранд. Чунончӣ, тибқи иттилои масъулин то ба санаи 12 майи соли равон аз вилоят ба миқдори 9670 тонна пиёз содирот шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маротиб кам аст. Дастур дода, шуд, ки рӯзҳои наздик содироти маҳсулоти кишоварзиро хуб ба роҳ монда, бобати истеҳсоли маводи ниёзи мардум, аз қабили орду равған чораҷӯӣ карда шавад.

- Дар ин шабу рӯз таъсиси «Гӯшаи деҳқон» дар маҳаллаҳои аҳолинишини  шаҳрҳои саноатӣ ба манфиати кор аст. Бояд мардумро бо анвои тару тозаи кишоварзӣ, ки барои рӯзгор муҳим аст, таъмин намоем ва мардум аз назди манзили худ ду нарафта, онро харидорӣ ва ниёзи худро қонеъ гардонанд, - зикр дошт Раиси вилоят.

Дар фарҷоми ҷаласа Раиси вилоят масъулини соҳаи кишоварзиро муваззаф намуд, ки ба вусъати корҳои кишоварзӣ, фаъолияти пурсамари пойгоҳхои обкашӣ,  кишти сариқтии зироатҳо, аз ҷумла пахтаву картошка эътибори зарурӣ дода, корҳои саҳроиро тақвият бахшанд.

Мухтори Абдулло,

«Ҳақиқати Суғд» 

Add comment


Security code
Refresh