Дурӯғи рӯз: Ё боз як иғвои радиои «Озодӣ»

Дирӯз дар шабакаи иҷтимоии «facebook» тавассути корбарони радиои «Озодӣ» хабаре таҳти унвони «Арзи рӯз» нашр гардид, ки дар асл аз воқеият дур буда, беасос навишта шудаааст ва онро метавон дурӯғи рӯз  арзёбӣ намуд.

Дар маводи мазкур, ки муаллифаш аниқ нест, аз ҷумла омадааст:

«Ман аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҳастам. Дар ноҳияи мо ягон дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ нест. Табибони мо чунин касалиро намефаҳманд. Духтурони ноҳия аз тарс ягон беморро «укол» намекунанд. Дар мо ягон дору барои табобати COVID – 19 нест. Илтимос, кӯмак кунед!!! Чандин нафар бемор ҳастанд…».

Баъди нашри ин хабари иғвоангез ва бардурӯғ маводи хабарнигори сомонаи “kuhiston.tj” Фитрати Ҳикмат таҳти унвони «Беморхонаҳои ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо дастгоҳҳои нафасдиҳӣ ва дорувориҳо муҷаҳҳазанд» дар сомонаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, ки посухе ба ин маводи ғаразнок гардид.  

Дар мавод аз ҷумла омадааст, ки дар дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ баҳри пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) чораҳои фаврию амалӣ андешида, дар ин замина якчанд корҳои муҳим роҳандозӣ гардидаанд.

Тавре дар суҳбат бо хабарнигори сомонаи “kuhiston.tj” сартабиби Беморхонаи марказии ноҳия Маҳмадшукур Фатҳуллоев хабар дод, дар чаҳор беморхонаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳия барои табобати беморон ва ба қарантин фаро гирифтани шаҳрвандоне, ки дар онҳо эҳтимолияти бемории коронавирус вуҷуд дорад, бо таҷҳизоти зарурӣ омода карда шудааст.

– Айни замон дар чаҳор беморхонаи ҳудуди ноҳия, аз ҷумла Беморхонаи марказӣ, шуъбаи Беморхонаи марказии ноҳия дар деҳаи Роғ, беморхонаи деҳаи Сабағ ва беморхонаи деҳаи Оббурдон барои бемороне, ки аз коронавирусе сироят ёфтаанд, омода ва бо таҷҳизотҳои зарурӣ муҷаҳҳаз гардидаанд. Дар умум наздик ба 70 кат барои беморон тайёр карда шудааст, – гуфт Маҳмадшукур Фатҳуллоев сартабиби ноҳия.

Сартабиби ноҳия ҳамчунин зикр намуд, ки духтурони беморхонаҳо бо либосҳои махсус, ниқобҳо, маҳлулҳои антисептикӣ, дастпӯшакҳо ва дорувориҳои зарурӣ таъмин гардида, дар ин замина мушкил вуҷуд надорад.
– Дар чаҳор беморхонае, ки барои бемороне, ки аз коронавирус сироятёфтаанд, бо дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ таъмин мебошанд. Он овозаҳое, ки дар сонаҳои интернетӣ аз номи ашхоси номаълум нашр шудаанд, ки гӯиё дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ нест, асоси воқеӣ надорад, - мегӯяд сартаби ноҳия Маҳмадшукур Фатҳуллоев.

Сартабиби ноҳия мегӯяд, то имрӯз дар ноҳия ягон нафар бо бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Танҳо дар давоми моҳи май 4 нафар сокини ноҳия бо бемории илтиҳоби шуш (пневмония) бистарӣ гардида, пас аз табобат сиҳат шуда, ба хонаҳояшон ҷавоб дода шудаанд.

Мавриди зикр аст, ки соли 2019 бо мақсади беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ – шаҳраки Меҳрон як беморхонаи нав, дорои 40 кат бунёд гардид, ки он бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо харҷи беш аз 3 миллинон сомонӣ сохта шуд. Беморхонаи мазкур моҳи августи соли равон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Айни замон дар ноҳия 1 беморхонаи марказӣ, 6 маркази саломатӣ ва 12 бунгоҳи тиббӣ фаъолият намуда истодаанд. Дар ноҳия 100 кати табобатӣ мавҷуд буда, таваллудхона ва шуъбаи ҷарроҳӣ низ фаъолият менамоянд.

Add comment


Security code
Refresh