ХИДМАТРАСОНИИ НАҚЛИЁТИ МУСОФИРКАШОНӢ ДАР КАДОМ ВАЗЪ?

Бинобар эълон доштани карантин дар муассисаҳои таълимӣ дар кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд шумораи одамон кам ба назар мерасанд. Имрӯз аксар марказҳои савдо, нуқтаҳои хизматрасонӣ, сартарошхона, толорҳои ҳусн муваққатан фаъолият надоранд. Ин ҳама барои фаъолияти нақлиёти мусофиркашонӣ, алалхусус автобусро таъсири худро гузоштааст.

Муслима Қобилова - сокини шаҳри Хуҷанд мегӯяд, ки имрӯз аз тарси сироятёбӣ ба вирус субҳу шом ба ҷойи корӣ аз нақлиёти мусофиркашонии таксӣ истифода мебарад. Вале, дар аксар маврид пиёда роҳ мегардад.

- Барои худро аз ҳар гуна беморӣ эмин доштан субҳ ба ҷойи кор пиёда меравам, зеро ба саломатӣ низ фоидаи калон дорад. Аз савор шудан ба нақлиёти ҷамъиятӣ худдорӣ мекунам, - мегӯяд ӯ.

Чанд рӯз инҷониб дар кӯчаҳои шаҳр шумораи ками автобусҳо ба назар мерасад.  

Директори генералии КДК «Нақлиёти мусофиркашонии шаҳри Хуҷанд» Фарҳод Шарифов гуфт, ки бинобар кам будани миқдори мусофирон реҷаи фаъолияти автобусҳо каме иваз гардидааст. Барои бе кор намондан ронандагон бо навбат ба аҳолӣ хизмат расонида истодаанд.

Каримҷон Мирзошехов - сокини шаҳри Бӯстон мегӯяд, ки ҳамарӯза аз нақлиёти мусофиркашонӣ истифода мебарад, вале вазъияти имрӯза ӯро водор мекунад, ки ба нақлиёти мусофиркашонии таксӣ савор шавад. Ӯ аз савор шудан ба автобусу микроавтобус худдорӣ мекунад.

- Кам шудани миқдори автобус, ин пеш аз ҳама ба вазъияти имрӯзаи ҷаҳонӣ вобаста аст, мардум аксар дар хонаҳои худ нишастаанду барои гирифтор нашудан ба беморӣ аз нақлиёти ҷамъиятӣ автобус истифода намебаранд. Вақте ба автобус савор мешавам, мусофирон қариб ба чашм намерасанд. То ба ҷойи лозима расидан вақти зиёде сарф мешавад, зеро ронанда дар интизори мусофир зиёд таваққуф мекунад. Гумон дорам, ки кам шудани миқдори автобус аз набудани донишҷӯёну мактаббачагон аст ва рӯзҳои наздик муаммои то ба ҷойи лозима расидани банда низ аз байн меравад, - мегӯяд К.Мирзошехов.  

Боиси қайд аст, ки имрӯз аз 100 автобус 92 - тоаш коршоям ва 8 - тоаш ба таъмири ҷорӣ ниёз дорад. Ба ҷуз автобус фаъолияти микроавтобусҳо низ то як андоза коҳиш ёфт. Ронандагони микроавтобусҳо низ аз кам будани шумораи мусофирон изҳори нигаронӣ мекунанд ва ба он ақидаанд, ки то ба эътидол омадани вазъият фаъолияташонро қатъ кунанд.

Боиси қайд аст, ки бинобар истифода бурдан аз нақлиёти мусофиркашонӣ аввалан бояд гигиенаи шахсӣ, аз ҷумла пушидани ниқоб, дастпӯшак ва дар худ нигоҳ доштани маҳлули антисептикӣ ва риоя кардани масофа то ду метр мувофиқи мақсад аст. Ин ҳама барои пешгирии сироятёбӣ мебошад. Баробари ин аз тарафи масъулин ҳамарӯза нақлиёти мусофиркашонӣ дизенфексия карда мешавад.

Умед дорем, ки пас аз чанд муддат вазъият беҳ гардида, дар кӯчаҳои шаҳр боз автобусу микроавтобусҳо зиёд мегарданду мардум мисли пешин аз нақлиёти мусофиркашонӣ истифода мекунанд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh