Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Ситоди сайёри назди Раиси вилоят оид ба вазъи эпидемиологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 баргузор гашт

Дар машварати корӣ раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, раисони ҷамоатҳо, сардухтур ва роҳбарони корхонаҳои саноатии ноҳия иштирок намуданд. Дар машварати корӣ дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешгирӣ ва беҳтар кардани вазъи эпидемиологӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Таъкид шуд, ки саломатии ҳар як нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон зери назорати Роҳбари давлат қарор дошта, барои пешгирии паҳншавии беморӣ ва муолиҷаи саривақтии сокинон тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.

Дар машварати корӣ ба Раиси вилоят маълумот дода шуд, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров беш аз 450 нафар табиб ва зиёда аз 1800 нафар табиби оилавӣ барои пешгирии сироятёбии беморон омодаанд.

Ҳамчунин дар беморхонаи марказӣ ва ҷамоатҳо катҳои муолиҷавӣ дар ҳолати зарурӣ омода карда шудаанд.

Аз ҷониби Раиси вилоят дастур дода шуд, ки дорувориҳои зарурӣ, корҷома, ниқоб ва маводҳои антисептикӣ барои се моҳи минбаъда захира шавад. Ҳамчунин ба раисони ҷамоатҳо, фаъолон супориш дода шуд, ки байни мардум ташвиқоту тарғиботи пешгирии бемориро пурзӯр намоянд ва гаштугузор, баромадан аз хона бе ниқоби муҳофизатӣ манъ карда шавад. Меъёрҳои нигоҳ доштани фосила риоя гардад, зеро риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси паҳншавии беморӣ мегардад.

Барои харидории маводи рӯзгор аз хизматрасониҳои дастрас истифода намоянд. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода барои пурзӯр кардани корҳои безараргардонӣ ва саривақт бартараф кардани манбаъҳои пайдоиш ва паҳншавии беморӣ таваҷҷуҳи махсус дода, ба масъулин дастур дод, ки дар ин самт корро ҷоннок намоянд. Дар машварати корӣ масъалаҳои кишоварзӣ, саривақт гузаронидани кишти баҳории сабзавоту полезӣ ва картошка, фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатӣ, омодагӣ барои коркарди меваи зардолу мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ҷаласа ба масъалаҳои нашъунамои пахта ҳамчун ашёи стратегӣ, таъминоти оби полезӣ, самаранок истифодабарии замин диққати махсус дода шуд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh