Таҷлили 80-солагии Ҷӯра Шокиров бо ҳузури Раиси вилоят

Дар заминаи татбиқи босамари сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баҳри табрикоти сокини шаҳри Бӯстон, ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ Шокиров Ҷӯра Раҳмонович, ки ба синни мубораки 80 қадам ниҳод, ташриф овард.

Роҳбари вилоят аз корномаҳои беназир ва саҳми босазои соҳибҷашн дар пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят ёдовар шуд. Гуфта шуд, ки садоқат ба халқу Ватан, қобилияти ташкилотчигӣ ва маҳорати баландӣ кордонӣ ва меҳнатдӯстии Ҷӯра Раҳмонович буд, ки солҳои тӯлонӣ дар вазифаҳои роҳбарикунандаи давлатӣ муваффақона фаъолият намуда, байни ҷомеа нуфуз ва маҳбубияти хоса пайдо намуданд.

Дар интиҳои суҳбат Ҷӯра Шокиров баҳри дастгирии пайваста ва қадршиносии хизматҳои собиқадорону пирони хирад сипосмандии хешро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода баён намуд.

Ҳамзамон дар ин рӯз ба соҳибҷашн аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода меҳрномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр тақдим гардид.

Ёдовар мешавем, ки Шокиров Ҷӯра Раҳмонович 16-уми майи соли 1940 дар деҳаи Исфисори ноҳияи Хуҷанд (ҳоло ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) ба дунё омадааст. Фаъолияти кориашро пас аз хатми омӯзишгоҳи ҳунарҳои техникии комбинати қолинҳои шаҳри Қайроқум (ҳоло шаҳри Гулистон) соли 1969 оғоз намудааст.

Пас аз хизмати бобарор дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ солҳои 1966 - 1967 ба ҳайси омӯзгор дар мактаби №16-уми ноҳияи Хуҷанд (ҳоло ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) адои вазифа намуда, баъдан дар вазифаҳои дастурдеҳ ва пас мудири шуъбаи ташкилию ҳизбии кумитаи ҳизбии шаҳри Гулистон ва вилоят, раиси комиҷроияи шаҳри Қайроқум (1976-1978), ҷонишини раиси кумиҷроияи вилояти Ленинобод (1978 - 1981), котиби якуми кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Хуҷанд (1981 - 1985), ҷонишини якуми раиси кумиҷроияи вилояти Ленинобод (1983 - 1990) фаъолият намуда, дар ободии Ватани азизамон ҳиссаи арзишманд гузоштааст. Хизматҳои Ҷӯра Шокиров бо ордени «Нишони фахрӣ», чор медал ва соли 1991 бо ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh