Боздиди Раиси вилоят аз Маркази саломатии шаҳри Истаравшан

Бо мақсади огаҳӣ пайдо намудан аз вазъи фаъолияти табибон ва ҷараёни корҳо дар самти пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID-19), 17 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Истаравшан бо табибони Маркази саломатии шаҳр мулоқот намуд.

Нахуст Раиси вилоят оид ба дастгирии пайвастаи давлатии соҳаи тандурустӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва равона гардидани таваҷҷуҳи хоса ҷиҳати муҳайё намудани шароити мусоид барои фаъолияти табибон ёдовар шуд. Баён карда шуд, ки рушди соҳаи тандурустӣ дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, имрӯзҳо фаъолияти шоистаи ҳар як табиб низ ҳамаҷониба мавриди қадршиносӣ қарор дорад.

Қаҳрамониҳои кормандони тибро, ки ба савганди худ содиқ монда, имрӯз бо муолиҷаи беморон машғул ҳастанд, ворисони арзандаи Сино номид ва изҳор дошт, ки имрӯз баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирии паҳншавӣ ва табобати мубталоёни бемории нави коронавирус — COVID-19 тамоми донишу маҳорати касбии худро равона намоянд.

Дар шароити хурӯҷи бемории сироятии коронавирус зарур шуморида шуд, ки ҷиҳати пешгирии авҷ гирифтани беморӣ байни аҳолӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотиро вусъат бахшида, мардумро баҳри риояи қоидаҳои гигиенӣ ва тавсияи табибон раҳнамоӣ кунанд.

Ба масъулини соҳаи тандурустӣ дастур дода шуд, ки баҳри худмуҳофизатӣ, зери назорати қатъӣ қарор додани раванди робита бо мардум, ташкили маркази доимии машварат-онлайнҳо, таъмин намудан бо лавозимоти тиббӣ, корҷома, маводҳои антисептикӣ ва ниқобҳои тиббӣ, таъмин намудан бо нақлиёти махсус барои фаъолияти табибони оилавӣ, ки байни мардум корбарӣ менамоянд, чораандешӣ карда шавад. Дар интиҳо Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода барои хизмати содиқона ва шабонарӯзӣ ба мардум ба табибони шарафманди Истаравшан арзи сипос намуд.

Аз ҷониби Раиси вилоят ба Маркази саломатии шаҳри Истаравшан ба миқдори зарурӣ корҷома, маводҳои антисептикӣ, ниқобҳои тиббӣ ва маводи озуқаворӣ дастрас карда шуд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh