Дар шаҳри Истаравшан Ситоди сайёри назди Раиси вилоят оид ба вазъи эпидемиологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 баргузор гашт

Дар машварати корӣ дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешгирӣ ва беҳтар кардани вазъи эпидемиологӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ҷаласаи корӣ раиси шаҳри Истаравшан, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, раисони ҷамоатҳо, сардухтур ва роҳбарони корхонаҳои саноатии шаҳр иштирок намуданд.

Таъкид карда шуд, ки аз ҷониби Роҳбари давлат барои солимии ҷомеа тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст.

Дар машварати корӣ ба Раиси вилоят маълумот дода шуд, ки дар шаҳри Истаравшан вазъи эпидемиологӣ таҳти назорати кормандони соҳаи тиб қарор дорад. Барои фаъолияти табибон дар беморхонаҳо ва табибони оилавӣ баҳри пешгирии сироятёбӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд. Дар натиҷа ҳоло сироятёбии сокинон ба бемории COVID - 19 дар шаҳри Истаравшан дар ҳолати коҳишёбӣ арзёбӣ карда шуд. Аз ҷониби Раиси вилоят дастур дода шуд, ки дорувориҳои зарурӣ, корҷома, ниқоб ва маводҳои антисептикӣ ҳадди ақал барои се моҳ захира карда шавад. Ҳамчунин ба раисони ҷамоатҳо ва фаъолон супориш дода шуд, ки байни мардум ташвиқоту тарғиботи пешгирии бемориро пурзӯр намоянд ва гаштугузор, баромадан аз хона, бе ниқоби муҳофизатӣ манъ карда шавад. Меъёрҳои нигоҳ доштани фосила риоя гардад, зеро риоя нагардидани қоидаҳои санитарӣ - гигиенӣ боиси паҳншавии беморӣ мегардад. Барои харидории маводи рӯзгор аз хизматрасониҳои дастрас истифода намоянд. Дар марказҳои саломатӣ барои фавран расонидани машваратҳои тиббӣ тариқи Онлайн чораҷӯӣ намуда, фаъолияти баландгӯякҳо барои огоҳонидани мардум мунтазам ба роҳ монда шавад.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба пурзӯр кардани корҳои безараргардонӣ ва саривақт бартараф кардани манбаъҳои пайдоиш ва паҳншавии беморӣ таваҷҷуҳи махсус дода, ба масъулин дастур дод, ки дар ин самт корро ҷоннок намоянд.

Дар машварати корӣ масъалаҳои кишоварзӣ, аз ҷумла саривақт гузаронидани кишти баҳории сабзавоту полезӣ ва картошка, фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатӣ, омодагӣ барои коркарди меваи зардолу мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh