Боздиди Раиси вилоят аз марказҳои саломатии шаҳри Хуҷанд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз марказҳои саломатии рақамҳои 2, 4 ва 5 боздид ба амал оварданд.

Раиси вилоят зимни мулоқот бо табибону кормандон доир ба иқдомҳои давлату Ҳукумат ҷиҳати муборизаи оштинопазир бо бемории коронавирус ва илтиҳоби шуш иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали пайдоиши ин вабои аср дар кишвар тадбирҳои саривақтӣ роҳандозӣ гардида, бо роҳбарии Сарвазири мамлакат Ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода шудааст. Инчунин, ёдовар шуд, ки ҷиҳати расонидани кӯмак ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳаҷми 29 миллион сомонӣ маблағҳои зарурии иловагӣ ҷудо гардида, кори Ситод зери назорати шахсии Сардори давлат қарор гирифт. Ҳамчунин дар шаҳру навоҳии вилоят низ чунин ситодҳо ташкил гардида, маблағҳои зарурӣ дар ин самт ҷудо шудаанд.

Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки чанд рӯз қабл корвони кӯмакҳои моддии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иборат аз 140 мошини пурбор ба 18 шаҳру навоҳии вилоят тақсим карда шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки самараи муборизаи дастҷамъона буд, ки имрӯз сафи беморони короновирус хеле коҳиш ёфтааст.

Раиси вилоят гуфт, ки бо андешидани тадбирҳои фаврӣ дар тамоми марказҳои саломатии шаҳр шароитҳои лозима муҳайё шудааст.

Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини дахлдор дастур дод, ки дар зудтарин фурсат рӯйхати беморони камбизоатро манзур намоянд, то ба онҳо дорувории ройгон дастрас карда шавад. Ҳамчунин  иттилоъ дода шуд, рӯзҳои наздик озмоишгоҳи вирусологӣ барои муайян намудани беморони коронавируси COVID-19 фаъол мегардад.

Сипас ба марказҳои саломатии номбурда кӯмакҳои Раиси вилоят аз қабили доруворӣ, корҷома, ниқоб, дастпӯшак, асбобҳои муҳофизатӣ, моддаҳои безараргардонии антисептикӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ тақдим карда шуданд.

Ҷомеаи меҳнатии марказҳои саломатӣ миннатдории хешро баён намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh