МАРКАЗИ ТАМОС ФАЪОЛ АСТ

Чунон, ки огаҳӣ дорем, дар вилоят баҳри расонидани кӯмаку саривақт баррасӣ намудани муроҷиати шаҳрвандон доир ба масоили вобаста ба пешгирӣ аз паҳншавии коронавируси COVID-19 дар назди  Раёсати тандурустии вилоят тариқи рақами 211 Маркази тамос ташкил гардида буд. Бобати  фаъолияти имрӯзаи он огаҳии бештар пайдо намудан аз Маркази мазкур дидан намудем.

Зимни суҳбат Фаррух Шокиров – роҳбари гурӯҳи вилояти Суғдии «Лоиҳаи беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ» изҳор дошт, ки бо мақсади саривақт дастрасӣ доштани аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ, расонидани иттилооти воқеӣ ба сокинон оғоз аз санаи 8- уми майи соли равон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иқдоми Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода Маркази тамоси вилояти Суғд оид ба масъалаҳои COVID-19 таъсис дода шуд.

Ҷиҳати вусъати ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва кумиҷроияи вилоятии ҳизби Халқии демократии Тоҷикистон дар мавриди пешгирӣ ва мубориза бо ин бемории сироятӣ беш аз 20 нафар мутахассисони соҳоти мухталиф иборат аз кормандони кумиҷроияи ҲХДТ  дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, кормандони Маркази тарзи ҳаёти солим ва Маркази санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд ба таври ихтиёрӣ дар хизмати мардум қарор доранд.

- То ин давр аз ҷониби кормандони Марказ беш аз 350 занги телефонӣ қабул гардида, асосан аз шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Истаравшан, Бӯстон ноҳияҳои Бобоҷон Fафуров, Мастчоҳ, Айнӣ ва инчунин ду занг аз шаҳрҳои Душанбе ва Қӯрғонтеппа ворид шудааст. Муроҷиати бештари сокинон асосан оид ба гузаронидани чораҳои безараргардонӣ, рақамҳои телефони духтурони тиббии оилавию беморхонаҳо, бобати вазъи  саломатии худ, маълумот оид ба бемории коронавирус таҳти назорат гирифтани фаъолияти дорухонаҳову арзиши маводи доруворӣ мебошад.       

Бино ба гуфти масъулин фаъолияти Марказ шабонарӯзӣ дар ду баст ба роҳ монда ва кормандон пурра бо таҷҳизоти техникӣ ва дигар шароити зарурӣ фаро гирифта шудаанд. Барои беҳдошти раванди кор ҳамаи зангҳо сабт гардида, дар ҳамкорӣ бо мутахассисону масъулини соҳоти дахлдор тадбирҳо ба натиҷаи ниҳоӣ расонида мешавад. ҳамзамон дар Марказ хизматрасонии равонпизишкон ба роҳ монда шудааст. 

Қайд кардан бамаврид аст, ки  занг ба рақами кӯтоҳи 211 Маркази тамоси вилоят тариқи ҳамаи ширкатҳои мобилӣ ройгон буда, шаҳрвандон метавонанд роҷеъ ба масъалаҳои гуногун вобаста ба вазъияти кунунӣ, алалхусус дар сурати ба миён омадани зарурат, доир ба маслиҳат, ташхис, бистаригардонӣ ва ғайраҳо муроҷиат намоянд.

Маъмурахон САМАДОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh