Бемурувват набошем!

Ин беморӣ оё худ ба худ пайдо шудааст ва ё ҳадафҳои иҷтимоиву иқтисодии худро дорад?  Ин суолҳоест, ки саросари оламиёнро ба ташвиш овардааст.

COVID-19  як навъ рахнагари фарҳанги миллӣ ҳам ҳаст, зеро акнун мардум наметавонанд ба тасаллияти ҳамдигар оянд, беморонро аёдат намоянд, дар ҷаноза ширкат варзанд, дар паҳлӯи соҳибони майит бошанд ва ҳоказо. Нафароне ёфт мешаванд, ки бо хурсандии ниҳонӣ изҳори тасалият мекунанд, то соҳиби майитро низ бикушанд. Инҳо аз ҷумлаи пасттарин инсонҳои дунё ҳастанд. Дар мамлакате, ки аксаран мусалмонон зиндагонӣ мекунанд, аз фурсати муносиб истифода бурда, фурӯшандагони “ботақво” нархи хӯроквориву дорувориро ба осмон расониданд.

Мардуми бечора ба хотири оне, ки бе нон намонанд чанд халта орд харидорӣ намуданд.  Ин манзараро баъзе аз хоинони миллат ҳеле хуб истиқбол намуда, боз Ҳукуматро мутаҳҳам намуданд. Акнун чаро хомӯшед? Ҷилави доруфурӯшону орду равғанҷалобонро кӣ кашид? Ҷаро наменависед? Чаро пас аз тамошои болоравии нархҳо дар Ҷумҳурӣ дар айни паҳншавии COVID-19, ки гуноҳи кабира аст, амри маъруф накардед? Магар ин рисолати мулло нест? Дар ҳоле ки намояндагони халқу миллатҳои дигар барои риояи суннатҳои ҳаммарзиву ҳамсоягӣ ба мардуми тоҷик дасти кӯмак дароз менамоянд, масхара гардидан аз ҷониби фарзандони миллати худамон хеле аламовару ҳузнангез аст, аммо чӣ илоҷ фарзанде, ки ба ҷанозаи модараш намеояд, аз ӯ ҷойи гилагузорӣ ҳам нест. 

Мусалмонони ҳақиқӣ, тоҷикони асил имрӯз низ намегузоранд, то фарҳангҳои миллӣ рахна ёбанд. Имрӯз аз ҳоли ҳамдигар тавассути телефону интернет хабардорӣ менамояд, ба хонаҳои ҳамдигар доруву хӯрокворӣ мефиристонанд, табибоу беморонро дастгирӣ карда истодаанд. Бояд зикр кунам, ки COVID-19дар қатори дигар шаҳрвандони ҷумҳурии азизамон дари мову пайвандонамонро низ кӯфту чанд нафаре аз мубталои ин беморӣ гардидем. Аққалан ҳамдигарро бо сухани нарм дилбардорӣ намуда, бовар мекунондем, ки бо кӯмаки табибони ҳозиқ шифои комил хоҳанд ёфт. Биёед, мурдаро монда, тутхӯрӣ намекунем, зеро дар назди марг ҳамагон оҷизем.

Сарвиноз ҶӮРАЕВА,

устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh