Шиносоӣ бо ҷараёни корҳои кашидани хатти оби нӯшокӣ дар маҳаллаҳои навбунёди шаҳри Хуҷанд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади огоҳӣ аз вазъи таъминкунии оби нӯшокӣ ва иншооти сохташаванда доир ба дастрасии аҳолии маҳаллаҳои навбунёд ба оби нӯшокӣ аз раванди сохтмон ва тадбирҳои амалишаванда дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд ошноӣ пайдо намуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни муаррифии лоиҳа ва ҷараёни корҳои сохтмонӣ иттилоъ дод, ки оби нӯшокӣ барои маҳаллаҳои навбунёди шаҳр аз иншооти обтаъминкунии №4, ки дар микроноҳияи 18 - ум воқеъ аст, дастрас карда мешавад. Иншооти мазкур соли 1970 сохта шуда, баъди таҷдид аз 19 адад чоҳи амудӣ иборат буда, бо 1 адад пойгоҳи обкашӣ таҷҳизонида шудааст.

Ҳамчунин, дар ин ҷо пойгоҳи обболобардори дараҷаи 2 - юм бо таҷҳизоти обкашӣ таҷҳизонида шуда, обтаъминкунии маҳаллаҳои 1, 2, 4, 5, 14, 15, 19, 18, 13, 8, 12 ва дигар маҳаллаҳоро ба иҷро мерасонад.

Иттилоъ дода шуд, корҳо аз ҷониби Маъмурияти корхонаҳои сохташудаистодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар самти таъминот бо оби нӯшокӣ барои сокинони маҳаллаҳои навбунёд бомаром идома дошта, аз ҷониби корхонаи мазкур ҷиҳати таъмини аҳолии маҳаллаҳои навбунёди 1-15-уми соҳили рости шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти «Хатти обрасонӣ аз чашмаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба шаҳри Хуҷанд» татбиқ гардида, марҳалаи аввали он «Таҷдид ва зиёд намудани иқтидорҳои истгоҳи №4 КВДК «Хуҷандобуканал» ҳанӯз соли 2016 оғоз гардидааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода доир ба сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дод. Таваҷҷуҳи асосӣ ба камхарҷ ва бо афзун намудани иқтидорҳои обрасонӣ равона карда шуд. Таъкид гардид, ки дар ояндаи наздик дар маҳаллаҳои навбунёди шаҳр сокинон хона бунёд намуда, зиндагӣ оғоз менамоянд ва табиист, ки ба оби нӯшокӣ эҳтиёҷи бештар пайдо мешавад.

Раҷаббой Аҳмадзода таъкид намуд, ки оби нӯшокии иншооти мазкур барои 12 500 нафар аҳолӣ пешбинӣ гардидааст, ки иқдоми нек буда, барои беҳтар намудани шароити мардум мусоидат хоҳад намуд ва то таҷлили ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифодабарӣ қарор хоҳад гирифт.

Add comment


Security code
Refresh