Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти бунёди хонаи истиқоматии баландошёна ва маҷмааи хизматрасонӣ дар маҳаллаи Мевағули шаҳри Хуҷанд шинос гардид

Дар кӯчаи Рифъат Ҳоҷиеви микроноҳияи 13-уми маҳаллаи Мевағули шаҳри Хуҷанд дар баробари дигар маҳаллаҳои шаҳр корҳои ободонию созандагӣ ба муносибати 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома дорад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни як боздид аз микроноҳияи 13-уми шаҳр бо раванди корҳои сохтмонӣ дар бинои истиқоматии 9 - ошёна ва маҷмааи хизматрасонӣ ошноӣ пайдо намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои истиқоматӣ аз нӯҳ ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ сохта шуда истодааст. Дар умум бино дорои 27 хонаи зист буда, он аз як, ду ва сеҳуҷрагӣ иборат аст.

Дар ҳамин мавзеъ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар маҷмааи хизматрасонӣ, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҷаъфар Абдусатторов бунёд шудааст, шинос гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки он аз таҳхона ва чор ошёна иборат буда, дар ду ошёнаи он қаҳвахона ва дар як ошёнааш маркази истироҳату фароғат ва бозии кӯдакона ташкил карда мешавад. Дар сурати пурра ба истифода додани ин иншоот беш аз 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд.

Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ва соҳибмулк ҷиҳати сабзу хуррам ва ободонии атрофи иншоот дастуру супоришҳо дод.

Add comment


Security code
Refresh