Табрикоти Раиси вилоят бахшида ба муносибати 1-июн Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

Фарзандони азиз!

Ҳамаи Шуморо бо фарорасии Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон самимона табрику муборакбод намуда, осмони софу беғубор, хотири ҷамъ, саломатӣ ва хушбахтӣ таманно менамоям.

Бо шарофати сиёсати оқилона ва заковати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзу ҳимояи оила, кӯдак ва волидайн дар меҳвари давлатдории навини тоҷикон қарор дошта, рукни муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ ба шумор меравад.

Боиси хурсандист, ки соли равон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар арафаи санаи барои халқу миллати мо муқаддаси Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Боварӣ дорам, ки Шумо, дӯстрӯякон, ҳамчун насли нави фардосози тоҷик баҳри пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азизамон садоқатмандона саъю кӯшиш намуда, бо ташаббусҳои наҷиб, талошҳои пайгирона, дастовардҳои фикриву эҷодӣ, варзишӣ ва хониши хубу аъло барои баланд бардоштани нуфуз ва эътибори Ватани маҳбубамон саҳм мегузоред.

Боиси таъкид аст, ки аз ҷониби давлату Ҳукумат барои амалишавии орзуву ормонҳои кӯдакон, бахусус бачагони ятиму бепарастор дилсӯзиву меҳрубонии хоса зоҳир мегардад. Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи мулоқоту суҳбатҳои худ аҳли ҷомеро ба анҷоми амалҳои хайр ва ғамхорӣ нисбат ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакону наврасони ятиму бепарастор даъват намуда, дар ин радиф барои таъмини ҳифзи иҷтимоии онҳо пайваста иқдоми хайрхоҳона зоҳир менамоянд. Дар чорабиниҳои наврӯзии соли равон низ аз ҷониби Пешвои миллат ба 443 ятими кулли шаҳру ноҳияҳо дастархони идона ороста шуда, туҳфаҳои идона ва маблағҳои пулӣ супорида шуданд.

Инчунин, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар давраи таътили зимистонаи соли ҷорӣ 100 нафар кӯдакони ятиму бепарастор ва 200 нафар ғолибони озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба истироҳату фароғат ҷалб карда шуда, ин тадбир минбаъд низ идома дода мешавад.

Имрӯзҳо, ки дар тамоми кишварҳои олам бемории сироятии коронавирус доман паҳн кардааст, таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат баҳри пешгирии паҳншавии ин беморӣ ва солимии ҷомеа, аз ҷумла шумо кӯдакони азиз равона шудааст. Боварӣ дорам, ин рӯзҳо ба зудӣ паси сар мешаванд ва аҳли ҷомеа ба ҳаёти муқаррарӣ бармегарданд.

Фарзандони азиз!

Шумо хазинаи ояндабахши фардои зиндагӣ ҳастед. Ҷомеа аз Шумо - насли наврас умедвор аст, ки хубу аъло хонед ва соҳиби ахлоқи намунавӣ бошед.

Боварӣ дорам, ки Шумо дар оянда ҳамчун шахсиятҳои бофарҳанг ва ватандӯсту худшинос ва ворисони арзанда ба камол мерасед, миллат, забон ва Ватани худро дӯст медоред ва бо он ифтихор менамоед.

Бо чунин орзуҳои нек, бори дигар ҳамаи Шумо ва дар симои Шумо кулли кӯдакони вилоятро ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон аз самими дил табрику таҳният гуфта, таманно менамоям, ки дар оянда номбардори асили миллат ва Ватани хеш гардед.

Саодатманду сарбаланд бошед, фарзандони азиз!

Add comment


Security code
Refresh