Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода наврасони маъюбро аёдат намуд

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Спитамен Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода се нафар навраси бо амри тақдир маъюб, сокинони ноҳияи Спитаменро аёдат намуда, кӯмаки моддӣ ва туҳфаи хотиравӣ тақдим дошт.

Аз ҷониби Раиси вилоят навраси маъюб Давлатбек Маматқулов - сокини Ҷамоати шаҳраки Навкат аёдат шуд. Лозим ба ёдоварист, ки Давлатбек новобаста аз маъюби гурӯҳи II буданаш, дар бозии шоҳмот ва шашка ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, бо ифтихорномаву медалҳо сарфароз гардонида шудааст. Ӯ аз ғамхории пайвастаи Пешвои миллат нисбат ба маъюбон изҳори сипос намуда, баён дошт, ки дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонии бозии шоҳмот ширкат варзида, Парчами Тоҷикистонро парафшон менамояд.

Дар Ҷамоати шаҳраки Навкат Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода навраси маъюб Амирбек Сангинов ва бародараш Асадбек Сангиновро аёдат намуд.

Зимни суҳбат Раиси вилоят қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзу ҳимояи кӯдак, амалишавии орзуву ормонҳои кӯдакону наврасон, бахусус бачагони ятиму бепарастор ва маъюбиятдошта дар меҳвари давлатдории навини тоҷикон қарор дорад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқотҳо ва суҳбатҳои худ аҳли ҷомеаро ба анҷоми амалҳои хайр ва ғамхорӣ нисбат ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакону наврасони ятиму бепарастор ва маъюбиятдошта даъват намуда, дар ин радиф барои таъмини иҷтимоии онҳо пайваста иқдомҳои хайрхоҳона зоҳир менамоянд.

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода пайваста зимни сафарҳо кӯдакону наврасон ва ҷавонони имконияташон маҳдудро аёдат менамояд.

Дар ин рӯз Раиси вилоят наврасонро бо фарорасии Рузи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрик намуда, туҳфаҳо, маблағҳои пулӣ тақдим дошт ва маводи хӯрока дастрас карда шуд.

Волидайни аёдатшудагон аз ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ болида гардида, ба Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос баён намуданд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh