Аёдати оилаҳои аз бемории сироятӣ фавтида

 

 

 

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода тибқи дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба манзилҳои фавтидагон аз бемории сироятии илтиҳоби шуш омада, ба аҳли оилаи онҳо таъзияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро расонида, кӯмаки моддӣ супорид.

Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷумла оилаи фавтида аз бемории сироятии илтиҳоби шуш Дилором Нурматова - сокини Ҷамоати шаҳраки Навкат, кӯчаи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, №59 ва оилаи аз ин беморӣ фавтида Илҳом Шерматов, сокини ҳамин ҷамоатро аёдат намуда, ба аҳли хонаводаи ин фавтидагон тасаллият баён дошт ва кӯмаки моддӣ супорид.

Раиси вилоят дар суҳбат ба сокинон изҳор дошт, алҳол бобати пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла илтиҳоби шуш ва коронавирус дар вилоят тадбирҳои амиқ роҳандозӣ мешаванд. Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарону масъулони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбарони муассисаҳои ташхису табобат ва ҳар як табиб вазифаҳои хизматии худро бо масъулияти баланд ва бовиҷдонона иҷро менамоянд ва ҳаёти инсонро, ки арзиши олӣ мебошад, ҳаматарафа ҳифз карда, талош меварзанд, ки касе аз ҳаёт маҳрум нагардад.

Қайд карда шуд ки барои пешгирии сироятёбӣ байни аҳолӣ қоидаҳои гигиенӣ ва меъёрҳои фосилавӣ ҷиддан риоя ва аз ниқоби муҳофизатӣ ҳатман истифода бурда шавад.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh