Дар ноҳияи Спитамен Ситоди сайёри назди Раиси вилоят оид ба вазъи эпидемиологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 баргузор гашт

Ситоди сайёри назди Раиси вилоят оид ба вазъи эпидемиологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 баргузор гашт.

Дар машварати корӣ дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешгирӣ ва беҳтар кардани вазъи эпидемиологӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ҷаласаи корӣ роҳбарияти ноҳия ва сохторҳои қудратӣ, раисони ҷамоатҳо, сардухтур ва роҳбарони корхонаҳои саноатии ноҳия иштирок намуданд.

Таъкид карда шуд, ки аз ҷониби Роҳбари давлат барои солимии ҷомеа тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст.

Дар машварати корӣ ба Раиси вилоят маълумот дода шуд, ки дар ноҳияи Спитамен вазъи эпидемиологӣ таҳти назорати кормандони соҳаи тиб қарор дорад. Барои фаъолияти табибон дар беморхонаҳо ва табибони оилавӣ баҳри пешгирии сироятёбӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд. Дар натиҷа ҳоло сироятёбии сокинон ба бемории COVID - 19 дар ноҳия дар ҳолати коҳишёбӣ қарор дорад. Аз ҷониби Раиси вилоят дастур дода шуд, ки дорувориҳои зарурӣ - корҷома, ниқоб ва маводҳои антисептикӣ ҳадди ақал барои се моҳ захира карда шавад.

Ҳамчунин, ба раисони ҷамоатҳо ва фаъолон супориш дода шуд, ки байни мардум ташвиқоту тарғиботи пешгирии бемориро пурзӯр намоянд ва гаштугузор, баромадан аз хона бе ниқоби муҳофизатӣ манъ карда шавад. Меъёрҳои нигоҳ доштани фосила риоя гардад, зеро риоя нагардидани қоидаҳои санитарӣ - гигиенӣ боиси паҳншавии беморӣ мегардад. Барои харидории маводи рӯзгор аз хизматрасониҳои дастрас истифода намоянд. Дар марказҳои саломатӣ барои фавран расонидани машваратҳои тиббӣ тариқи онлайн чораҷӯӣ намуда, фаъолияти баландгӯякҳо барои огоҳонидани мардум мунтазам ба роҳ монда шавад.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба пурзӯр кардани корҳои безараргардонӣ ва саривақт бартараф кардани манбаъҳои пайдоиш ва паҳншавии беморӣ таваҷҷуҳи махсус дода, ба масъулин дастур дод, ки дар ин самт корро ҷоннок намоянд. Дар машварати корӣ масъалаҳои кишоварзӣ, аз ҷумла саривақт гузаронидани кишти баҳории картошка ва пахта, беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили ғалла, фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатӣ, таъминот бо оби полезӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh