Оилаи аз бемории сироятӣ фавтида аёдат карда шуд

 

 

 

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода тибқи дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба манзили сокини Ҷамоати деҳоти Деҳмой Юрсиной Ёриқулова омада, ба аҳли оилаи марҳум таъзияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро расонида, кӯмаки моддӣ супорид.

Раиси вилоят дар суҳбат ба сокинон изҳор дошт, ки барои пешгирии сироятёбӣ байни аҳоли қоидаҳои гигиенӣ ва меъёрҳои фосилавӣ ҷиддан риоя шуда, аз ниқоби муҳофизатӣ ҳатман истифода бурда шавад. Ҳар як шаҳрванд, бояд пеш аз ҳама, бо тавсияи табибони оилавӣ амал намуда, иммунитети организми худ ва аҳли оиларо бо истеъмоли хӯроки серғизо ва сабзавоту меваҳои баҳорӣ пурқувват намояд. Алҳол бобати пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла илтиҳоби шуш ва коронавирус тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят чораҳои зарурӣ роҳандозӣ шудаанд.

Дар натиҷаи фаъолияти пурсамари табибон имрӯз вазъи эпидемиологӣ пурра зери назорат қарор дорад. Алҳол коҳишёбии шиддати хурӯҷи сироятёбӣ мушоҳида мешавад. Аммо сироятёбӣ ҳоло ба қайд гирифта шуда истодааст ва аз ҳар як сокини кишвар талаб карда мешавад, ки эҳтиёткор бошанд, саломатии худ ва ҷомеаро зери хатар нагузоранд. Бояд қатъиян тавсияҳои табибонро риоя намоянд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

 

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh