Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо табибони Маркази саломатии Ҷамоати шаҳраки Меҳробод

Дар Маркази саломатии Ҷамоати шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо табибон мулоқот намуд.

Бо мақсади огаҳӣ пайдо намудан аз вазъи фаъолияти табибон ва ҷараёни корҳо дар самти пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов дар Маркази саломатии шаҳраки Меҳробод бо кормандони соҳаи тиб мулоқот намуд.

Нахуст Раиси вилоят оид ба дастгирии давлатии соҳаи тандурустӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва равона гардидани таваҷҷуҳи хоса ҷиҳати муҳайё намудани шароити мусоид барои фаъолияти табибон ёдовар шуд. Гуфта шуд, ки рушди соҳаи тандурустӣ дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, имрӯзҳо фаъолияти шоистаи ҳар як табиб низ ҳамаҷониба мавриди қадршиносӣ қарор дорад. Барои адои садоқатмандонаи рисолати касбӣ ва меҳнати шабонарӯзии табибони шарафманди ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки аз рӯзи нахустини ба қайд гирифта шудани бемории сироятӣ сарҷамъ ва муттаҳид шуда, ба зидди паҳншавии бемории сироятӣ мубориза бурда, баҳри шифоёбии беморон кӯшиш намуданд, арзи сипос намуд.

Баҳри худмуҳофизатӣ, зери назорати қатъӣ қарор додани робита бо мардум, ташкили маркази доимии машварат - онлайнҳо, таъмин намудан бо лавозимоти тиббӣ, аз ҷумла корҷома, маводи антисептикӣ ва ниқобҳои тиббӣ, нақлиёти махсус барои фаъолияти табибони оилавӣ, ки дар заминаи қарорҳои Ситоди доимоамалкунан- даи ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ оид ба пеш- гирии паҳншавии бемории сироятии нави коронавирус (COVID-19) бармеояд, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Аз ҷониби Раиси вилоят ба Маркази саломатии шаҳраки Меҳробод ба миқдори зарурӣ корҷомаҳои бисёркарата, маводи антисептикӣ ва ниқобҳои тиббӣ, дастгоҳи нафаси сунъӣ ва дорувории протоколии антивирусии Плакфинил барои табобат супорида шуд.

Ҳамчунин, барои дастгирӣ ва расонидани кӯмаки тиббӣ барои беморони ниёзманд 100 маҷмаи доруворӣ иборат аз маводи дорувории зиддивирусӣ ва антисептикӣ, ниқобҳои муҳофизатӣ ройгон дастрас мешавад.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

 

 

Add comment


Security code
Refresh