Ситоди сайёри назди Раиси вилоят оид ба вазъи эпидемиологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ситоди сайёри назди Раиси вилоят оид ба вазъи эпидемиологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 дар ноҳияи Ҷаббор Расулов баргузор гардид.

Беҳтар кардани вазъи эпидемиологӣ оид ба пешгирии бемории мазкур дар машварати кории Раиси вилоят мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки дар он раиси ноҳия, муовинон, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, раисони ҷамоатҳо, сардухтур ва роҳбарони корхонаҳои саноатии ноҳия иштирок намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки вазъи эпидемиологӣ дар ноҳия таҳти назорати кормандони соҳаи тиб қарор гирифта, тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.

Раҷаббой Аҳмадзода баҳри бартараф кардани манбаҳои пайдоиш ва паҳншавии беморӣ таваҷҷуҳ намуда, дастур дод, ки дар ин самт корро боз ҳам ҷоннок намоянд.

Инчунин, дар машварат оид ба масъалаҳои кишоварзӣ, аз ҷумла, сари вақт гузаронидани кишти картошка, парвариш ва ба роҳ мондани нашъунамои пахта, фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатӣ ва пойгоҳҳи обкашӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

 

Add comment


Security code
Refresh