Шиносоии Раиси вилоят бо рафти сохтмони Беморхонаи сироятии Ҷамоати деҳоти Хистеварз

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар то 1 сентябри соли 2021 беморхонаҳои касалиҳои сироятӣ сохта ба истифода дода шуда, бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ таъмин мегарданд.

Дар ин раванд ояндаи наздик дар Ҷамоати деҳоти Хистеварз низ чунин як беморхона мавриди истифода қарор дода мешавад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздиди корӣ дар Ҷамоати деҳоти Хистеварз бо рафти корҳои сохтмонии бинои нави Беморхонаи сироятии Ҷамоати деҳоти Хистеварз шинос гардид.

Иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, барои 30 кат  пешбинӣ шудааст ва дар он 10 ҳуҷраи табобатӣ ва 12 ҳуҷраи ёрирасон мавҷуд аст. Фармоишгари иншоот мақомоти иҷроияи маҳаллӣ буда, пудратчии он ПМК №115 мебошад.

Тибқи нақша дар беморхонаи мазкур 18 воҳиди корӣ таъсис дода хоҳад шуд ва дар он 2 табиб-сироятшинос, 11 ҳамшираи шавқат ва 5 корманди хурди техникӣ фаъолият мебаранд.

Айни ҳол 90%-и корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуда, барои ороиши ҳуҷраҳо, таҷҳизонидани беморхона бо лавозимоти лозима ва корҳои ободонӣ дар гирду атрофи бинои мазкур корбарӣ рафта истодааст.

Раиси вилоят аснои шиносоӣ ба масъулин ҷиҳати ташкил намудани озмоишгоҳ дар беморхонаи нав супоришҳо дода, барои бо сифати баланд омода намудани иншооти тиббӣ тавсияҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh