Айнӣ. Раиси вилоят ба пайвандони фавтидагон изҳори ҳамдардӣ намуд

4 июни соли 2020 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ ба манзили чанде аз оилаҳо рафт ва ба пайвандони фавтидагон изҳори ҳамдардӣ намуд.

Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷумла дар Ҷамоати деҳоти Анзоб ба аҳли оилаи Ҳасанов Шаҳром ва Мағзумов Мирзоқул, ки яке аз бемории илтиҳоби шуш ва дигаре дар садамаи нақлиётӣ вафот кардаанд, изҳори ҳамдардӣ карда, ба оилаи номбаршудагон кӯмакҳои моддӣ расонид.

Раиси вилоят дар суҳбат бо сокинон таъкид кард, ки алҳол барои пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла илтиҳоби шуш ва коронавирус тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят тамоми чораҳои зарурӣ роҳандозӣ шуда истодааст.

Дар натиҷаи фаъолияти пурсамари табибон имрӯз вазъи эпидемиологӣ зери назорат қарор дошта, коҳишёбии шиддати сироятёбӣ мушоҳида мешавад.

Новобаста аз ин, аз ҳар як сокини кишвар талаб карда мешавад, ки эҳтиёткор бошад ва саломатии худ ва ҷомеаро зери хатар нагузорад. Шаҳрвандон бояд тавсияҳои табибонро ба назар гирифта, қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятиро ба таври ҳатмӣ риоя намуда, бе ниқобҳои муҳофизатӣ аз хона набароянд. Дар нақлиёт ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатмӣ аз ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ истифода намуда, ба таври қатъӣ фосилаи байни ҳамдигарро ба андозаи аз якуним то ду метр нигоҳ доранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh