Раҷаббой Аҳмадзода: таваҷҷуҳ ба соҳаи тиб - тақозои замон

Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум

Санаи 19 – уми июни соли равон таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маҷлисгоҳи калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум доир гардид.

Иҷлосия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Дар кори иҷлосия муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, раисони шаҳру навоҳӣ, роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарият ва масъулини соҳаи тандурустии вилоят, сартабибони беморхонаҳо ва марказҳои саломатӣ иштирок намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр дошт, ки дар кори иҷлосия аз 70 нафар вакил 67 нафар ширкат меварзанд.

Вакилони Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум 6 масъалаи муҳимро мавриди баррасӣ қарор доданд. Баъди баррасии масъалаҳо қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Нахуст дар иҷлосия раиси Комиссияи ҳавзавии интихобот М.Исматдинов роҷеъ ба натиҷаи интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум дар ҳавзаи интихоботии «Вору», №28 маълумот дод ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят ваколати вакилии вакили навинтихобшударо аз ин ҳавзаи интихоботӣ тасдиқ намуданд.

Дар иҷлосия оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009, №600 «Дар бораи Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ дар солҳои 2010 - 2020» муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ гузориши муфассал пешниҳод кард.

Мавсуф таъкид дошт, ки дар ин давра бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ дар вилоят эътибори зарурӣ дода шуда, вазъи таъминоти муассисаҳои табобатии вилоят бо кадрҳои тиббӣ хеле беҳбуд ёфтааст.

Чунончӣ, давоми солҳои охир теъдоди табибони соҳибтахассус беш аз 800 нафар ва кормандони миёнаи тиббӣ беш аз 5200 нафар зиёд гардидааст. Вале дар баробари ин дар баъзе шаҳру навоҳии вилоят, аз ҷумла ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Спитамен, Мастчоҳ ва Бобоҷон Ғафуров нарасидани кадрҳои соҳибтахассуси тиббӣ ба назар мерасанд.

Дар иҷлосия зикр гардид, ки алҳол муассисаҳои соҳаи тандурустии вилоят дар маҷмӯъ ба беш аз 800 нафар табиб ва ба 150 нафар корманди сатҳи миёнаи тиббӣ ниёз доранд.

Аз рӯи масъалаи баррасишуда вакилон аз ҳавзаи интихоботии «Бофанда», №2 Шоира Бузурукова, аз ҳавзаи интихоботии «Бобоҷон Ғафуров», №3 Ҷамшед Ҷӯразода, аз ҳавзаи интихоботии «Куруш», №56 Ҳилола Қаробоева ба музокира баромада, фикру андешаҳои худро баён доштанд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум суханронӣ намуда, вазъи соҳаро амиқу возеҳ баррасӣ кард ва ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Аз ҷумла, Раиси вилоят масъулини соҳа ва раисони шаҳру ноҳияҳои вилоятро муваззаф намуд, ки ҷиҳати дастгирии кадрҳои болаёқат ва ҷавон тадбирҳои амиқ андешида, дар таъмини солимии ҷомеа саҳми босазо гузоранд.

- Табибони мо ворисони Синои бузург будани худро собит намуда, аз рӯзҳои нахустини пайдоиши бемориҳои сироятии илтиҳоби шуш ва коронавирус матонату маҳорати комил нишон доданд, - зикр дошт Раҷаббой Аҳмадзода.

Ҳамзамон, Раиси вилоят ба масъулин бобати беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ, таъсиси Шӯрои олимони соҳаи тиб, пешгирӣ намудани ҳолатҳои номатлуб дар муассисаҳои тиббӣ, захираи дорувориҳо дар беморхонаҳо, роҳ надодан ба фурӯши доруҳои бесифат, таъсис додани сехҳои хурди истеҳсоли оксиген, бунёди беморхонаҳои сироятӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва ғайраҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ оид ба масъалаи номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ суханронӣ намуда, бобати иваз намудани 31 номи маҳали аҳолинишин таклиф пешниҳод намуд.

Ҳамзамон, дар иҷлосия масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба буҷети вилоятӣ барои соли 2020 мавриди баррасии вакилон қарор гирифт.

Вакилони Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум нисбати масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул намуда, қарорҳои Раиси вилоятро тасдиқ карданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иҷлосияро ҷамъбаст намуда, бобати дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни Ваҳдати миллӣ масъулинро вазифадор намуд.

 Мухтори Абдулло,
«Ҳақиқати Суғд»

 

Add comment


Security code
Refresh