СУХАНИ ДУРӮҒ БА ХОТИРИ ЧИСТ?!

Имрӯз шабакаҳои интернетӣ, алалхусус, фейсбук барои баъзе нафарон минбари озоди «бадномкунӣ» гардидааст. Оё нафаре, ки имрӯз Ватани худро бо суханҳои бардурӯғ олуда месозад ба халқ заррае манфиат меорад?

Ин гуна ашхос танҳо аз ҷойи нишасти худ метавонад бо суханҳои бофтаву хаёлӣ ҳарф зананд. Аввалан, мебояд ба тарзи дурусти навишт ва саводи онҳо аҳамият дод. Дувум ин аст, ки имрӯз на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки тамоми ҷаҳонро вабо бо номи «коронавирус» фаро гирифтаасту ҳама ба таври зарурӣ пеши роҳи онро ҷуста истодаанд.

Барои табобат кардани беморӣ на танҳо ҳукумат, балки тамоми мардум вазифадор аст, зеро агар дақиқ назар афканем бароямон равшан мешавад, ки на ҳама сокинони кишвар риояи беҳдошти санитарию гигиениро ба ҷо меоранд. Баъзеҳо дидаву дониста дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, алалхусус, бозору мағозаҳо ва мавзеъҳои фароғатӣ бидуни ниқоб ва маҳлулҳои антисептикӣ гаштугузор мекунанд. Дар ин ҷода киро мо бояд гунаҳкор созем? Ҳукумат ва ё шахсе, ки саломатии худ ва дигаронро зери хатар мегузорад?

Дар бобати табобати беморони гирифторӣ ба коронавирус ҳаминро бояд таъкид кард, ки дар вилоят он ба таври зарурӣ ба роҳ монда шудаасту беморон шифо ёфта, ба манзилҳои худ баргашта истодаанд. Агар ба суханони бардурӯғи иғвогарон аҳамият диҳем пас метавонем тинҷиву оромиро аз даст диҳем! Дар ин радиф меҳнати шабонарӯзии роҳбарияти вилояту шаҳр ва кормандони тибро қадр кард. Нафаре, ки ба коронавирус гирифтор шудааст ҳатман ба беморхона ҷойгир карда мешавад. Танҳо он нафароне, ки ба зукоми мавсимӣ ё дигар бемории сабук гирифтор шудаанд, барои сироятнаёфтан дар манзилҳояшон табобат гирифта истодаанду аз вазъи саломатии чунин ашхос ҳамарӯза кормандони тиб огоҳ мешаванд.

Дар расонаи иҷтимоӣ Муҳаммадиқболи Садриддин дар мавзуи «Мастчоҳба мурам…» дарҷ кардааст, ки дар он шаъну шарафи роҳбарият ва халқи сарбаланди ин ноҳия сухан рафтааст. Боиси таассуф аст, ки дар он суханҳои бофтаву хаёлӣ ва бардурӯғи фитнаангез гуфта шудааст. Мардуми меҳнатқарини ноҳия мекӯшанд, диёри хешро аз ҳар ҷиҳат ободу зебо гардонида, барои сокинонаш шароити хуби зиндагониву кориро муҳайё намоянд. Муаллиф то андозае «суханбозӣ» кардааст, ки кас пас аз хондани маводи чопшуда ноҳияи Мастчоҳро ба макони ноободу хароб ва аз назарҳо дурмонда тасаввур мекунанд, ки ин хатои маҳз аст! 

Чанд боре, ки ба ин ноҳия сафар кардам, боре рӯҳафтодагии мардум ба чашм нарасид. Баръакс онҳо ҳама баробар баҳри пешрафт ва гулгулшукуфоии макони зист камари ҳиммат бастаанд. Қомат афрохтани хонаҳои истиқоматӣ, марказҳои савдову тарабхона ва дигар иншооти ҳаётан муҳим бори дигар собит месозад, ки ҳама бо дили поку нияти нек шарафмандона меҳнат карда истодаанд.    

Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иншооти мухталиф сохта ба истифода дода мешавад.  Ҳама соҳа, мактабу кӯдакистон, беморхонаву марказҳои саломатӣ, марказҳои савдо ва тарабхонаву дигар иншооти зарурии хурду бузург барои сокинони кишвар хидмат мекунад.

Ш. СИДДИҚ,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh