Муроҷиатномаи Раиси вилоят вобаста ба масъалаҳои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID – 19

Ҳамдиёрони азиз!

Бо назардошти ба эътидол омадани вазъияти паҳншавӣ ва интиқоли бемории сироятии коронавирус, тибқи қарори ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ аз санаи 17-уми июни соли равон, оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID – 19 аз 20-уми июни соли 2020 дар ҷумҳурӣ барои гузаронидани тӯйи хонадоршавӣ муваққатан дар доираи то сад нафар даъватшуда ва танҳо як маърака дар маҳалли истиқомат ё дигар муассисаҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла тарабхонаю ошхонаҳо, тӯйхона ва чойхона бо риояи ҳатмии қоидаҳои санитарию гигиенӣ иҷозат дода мешавад.

 

Аз ин лиҳоз, аз ҳамаи шаҳрвандон ва соҳибони тӯю маърака, марказҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла соҳибони тӯйхонаҳо, тарабхона, ошхона ва макони баргузории он дар хонаҳои истиқоматӣ хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми баргузории тӯю маърака, гаштугузор дар бозорҳо, боғҳои истироҳатӣ, хиёбонҳо ва макони сайругашт бояд қоидаҳои беҳдоштӣ ва зиддисироятӣ, инчунин талаботи муқарраргардидаро қатъиян риоя кунанд, ҳатман масофаро риоя карда, аз ниқоб ва маводи антисептикӣ истифода намоянд.

Соҳибони тӯйхонаю тарабхона ва марказҳои хизматрасониро зарур аст, ки барои таъмини саломатии шаҳрвандон тамоми чораҳои зарурии беҳдоштиро фароҳам оварданд.

Боварии комил дорам, ки мардуми шарифи вилоят вазъияти баамаломадаро бо камоли масъулият дарк намуда, қоидаҳои аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор муқарраршударо риоя менамоянд ва бо анҷом додани корҳои безараргардонӣ ҷиҳати пешгирии хуруҷи беморӣ тадбирҳои таъхирнопазир меандешанд.

Раиси вилоят                 Раҷаббой Аҳмадзода

 

 

 

 

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh