Раиси вилоят собиқадори меҳнат Оқил Оқиловро бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳният гуфт

Дирӯз, 27-уми июн бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят собиқадорони меҳнат, пирони хирад ва шахсони барӯмандро аёдат намуда, ба онҳо туҳфаҳои идона тақдим кард.

Аз ҷумла дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Бӯстон роҳбари вилоят ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ, собиқ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқиловро аёдат намуд. Зимни суҳбат Раҷаббой Аҳмадзода аз саҳми шоиста ва назарраси Оқил Оқилов дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз ёдовар шуда, зикр дошт, ки давлату Ҳукумати мамлакат зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар меҳвари фаъолияти худ ғамхориву пуштибонии пирони хирад, собиқадорону дигар қишри ҷомеаро қарор додааст.

Дар фарҷоми суҳбат ходими намоёни давлативу ҷамъиятӣ Оқил Оқилов изҳори сипосмандии худро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баён намуд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh