Замони қаҳрамониҳо

Посухе ба хиёнатгарон

Ҷаҳони одамиро заррае, ки тоҷвирус кардаанд унвон,

Чу хасми ноаёне

             аз паси меғи касофат мезанад пайкон,

Ба тири ваҳм аз заҳри касолат мекушад дармон.

Ҳазорон сабзҷонҳоро даравгар мешавад шайтон,

Аҷал ҳам бо ҷадал бераҳм меҷӯяд дили раҳмон.

 

Замони ҷоннисории ҳама оғоз шуд акнун,

Дами андешаи фардо кунад ҳар раҳбари оқил.

Ғами инсонгароӣ мекунад ояндаро фозил,

Ба паҳлуи муҳаббат мекашад бо дард

Гирифтори касолатро табиби дар амал омил...

 

Адӯи ноаёни наҳс

Ба шарёну ба шуши пурҳаво банди мамот овард,

Табиби дил ба меҳри бекарони худ наҷот овард.

Зи ҷони худ гузашт ин ҷонфишони халқ,

Бишуд ҳамшираи шафқат нишони ормони халқ...

 

Ту, эй бебахти дур аз хонаву дар, эй хиёнатгар,

Ба мисли тоҷвирус ноаён тирафканӣ дорӣ!

Ту ҳам парвардае дар шишаҷоми заҳрполое,

Чу мор аз дур дорӣ муҳрабозии талабгоре...

 

Нидоят аз даруни хонаи бегона меояд,

Фиғонат дудпечи оҳҳои рӯсабӣ дорад...

Ба ҳасрат мекунӣ аз маснаду аз нармкурсӣ ёд,

Чу мурғи курк дорӣ аз паси ҳар чӯҷае фарёд.

 

Чӣ гӯям, эй ғамафзои падар,

                                      эй нанги модар,

                                                       эй касофатзо?!

Ба ҷои ту тамоми халқ аз бечорагон маъзур!

Ба боғи мулки ғайр, эй акка, мекӯшӣ,

Ки чун булбул кунӣ чаҳ-чаҳ!

Аҷаб, овозату фикрат чу рӯю қалби ту бенур,

Ҳамон раҳгардият чун зоғаки мағрур...

 

Ҷаҳон имрӯз ҷогардони гӯлахтист,

Барои мисли ту имонфурӯши кӯр

Бувад во ҳамчу бар сайёҳу бар раҳҷӯ,

Кушода бар мусофир ҷодаю дарҳо,

Ба чашми тираақлон менамояд хира манзарҳо.

 

Чунинам нохалафҳоро Урупо мекунад оғӯш,

Хиёнат гавсари лоқайди Амрикро барад аз ҳуш...

Барои ту ҳама ҷо дар кушода,

Лек бояд ҳадди худ донӣ...

Куҷо бошӣ,

Ба худ гӯӣ, ки ҳастӣ тоҷикистонӣ!

 

Ман ин андешаро сад аср парвардам,

Ки то миллат шиносад ҷойгоҳашро,

Ки то дигар кунад бар рӯзгори худ нигоҳашро.

Наҷӯяд то касе нафъи балои нафси худ

                              аз хони ризқи халқи армонӣ,

Ки то ҳаргиз намонад пой бар хамгашти шайтонӣ.

 

Пас аз ин қадр худсӯзию худсозӣ,

Замони қаҳрамониҳои миллат мешавад оғоз,

Ту сӯи хонаи худ санг андозӣ,

Вале медон,

Зи ҳар санги Ватан як кафтари нуре кунад парвоз.

 

Агар сарвар зи ақсо бо мусофирҳои худ баргашт,

Халоиқ Раҳнамояш парниёнпечи дуо овард,

Хиёнатро ба мисли тоҷвирус мекушад бо меҳр,

Садоқатро кунад то ҷовидона пешвопарвард.

 

Аз ин пас Тоҷикистонро

                           зи берун “нағз дидан” чист?!

Барои ҳар хиёнатгар

Дигар ин Модари бечорапарвар нест!

Маконаш чун муқаддас ҳаст,

Замони қаҳрамониҳои фарзандони бонанг аст!

Зи худ ворастани мо парчами бо ғайр дар ҷанг аст!

 

Бикун бовар,

Дигар ту мондаӣ бе додару хоҳар!

Дигар ту беватан ҳастӣ...

Ба маргат ҳам нагиряд бо алам Модар!

Аҳмадҷон Раҳматзод,

Шоири халқииТоҷикистон

            

Add comment


Security code
Refresh