РИСОЛАТИ КАСБӢ – СОДИҚОНА ХИЗМАТ НАМУДАН

Дар рӯзҳое, ки дар кишварамон, аз ҷумла шаҳри Хуҷанд бемории коронавирус авҷ гирифта буд, яъне аввалҳои моҳи май бо нишонаи фишорбаландӣ ба назди духтури Маркази саломатии №1 Мубашширахон Солиева рафтам. Аз дармонгоҳ даромадан замон эҳсос намудам, ки одамон аз меъёр дар ин ҷо хеле зиёданд. Яъне, ин муассисаи табобатӣ низ нуқтаи доғи ташхису муолиҷаи беморист. Дар ҳар ҳуҷра ду-се кат монда, ба беморон сӯзандоруи чакравӣ мегузаронанд. Соат аз панҷи бегоҳ гузашта буд. Ҳамшираҳои шафқат ба тамом шудани рӯзи корӣ ҳам нигоҳ накарда, ба беморон хизмат мерасониданд. Ба ҳамшираи тиббӣ Дилноза Файзиева, ки ба ман сӯзандору гузаронд, изҳори миннатдорӣ кардам, ки дар ин рӯзҳо мардум ҳатто барои аз хонаашон берун баромадан хавф мекашанд, аммо онон бо бемории хатарнок дастбагиребонанд. – Ин вазифаи мост, - гуфт ҷавонзан, - дар чунин рӯзҳо, ки бояд дар паҳлӯи мардум бошем, агар дар хона нишинем, гуноҳ аст.

Аслан, кормандони ин муассисаи тиббӣ бо сатҳи волои касбият, маҳорату малакаи баланди худ байни сокинони шаҳр маъруфият пайдо кардаанд.

-Аз охири моҳи апрел ва аввали моҳи май мо, аҳли ҷомеаи меҳнатӣ ба меъёри кори шабонарӯзӣ, яъне 24-соата ва бе истироҳат гузаштем, - гуфт директори марказ Адибахон Мамадова.

– Ҳудуди хизматрасонии муассисаи мо фарох буда, бештар аз 30 192 ҳазор нафар аҳолиро дарбар мегирад. Аз ин рӯ, давоми рӯз ҳама кормандон ба беморон хизмат расониданду шабона бошад, як нафар табиби оилавӣ, табиби мутахассис ва ҳамшираи шафқат навбатдор истода, ба мардум хизмат расонданд.

Дар давраи хурӯҷи пандемия дар маркази вилоят мо бо нишондод ва дастури Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, Раёсати нигаҳдории тандурустии вилоят амал намудем. Муҳтарам Раиси вилоят доимо аз вазъи фаъолияти мо огоҳ гардида, дар як вақт кӯмаки хешро ҷиҳати бо корҷома, маҳлули безараргардонӣ, термометри фосилавӣ таъмин намудан дареғ надоштанд. Бахусус, Раиси вилоят ҳини якҷоя бо муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода ба муассисаи мо омадан бо вазъи фаъолияти кормандон ошно гардида, ба кори мо баҳри ҳифзи саломатии сокинон баҳои баланд доданд, барои масъулиятшинос буданамон изҳори миннатдорӣ намуданд.

Зимни ин гуфтаҳо заҳмати шабонарӯзии табибон Шафоат Ғафурова, Мубашшира Солиева, Ойгул Ӯрунова, Ҳикоят Шарифова, Нодира Юсуфова, Отуной Носирова, Дурдона Ҳамроқулова, ҳамшираҳои шафқат Нилуфар Султонова, Дилноза Файзиева, Мафтуна Оқилова, Мушаррафа Холиқова, Нигора Йулбарсова, Фотима Маҳмудова, Дилором Усмонова, Матлуба Норматова, Манзура Раҳмонова, Мунира Қаҳҳорова, Таҳмина Шамсиева, Назира Бобохоҷаева, Зебинисо Охунова, Умеда Хоҷаеваро месазад зикр кард, ки ҳақиқатан матонату шуҷоат нишон доданд, ба беморони вазнин хизмат расониданд, ба хонаҳояшон рафтанд, рисолати хешро ба ҷо оварданду садҳо нафарро табобат намуданд.

 Умуман, тавассути эътибори пайваста аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, Раиси вилоят, роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ва Раёсати нигаҳдории тандурустии вилоят кормандон пурра бо корҷома таъмин гардида, ҳамчунин ба муассиса маҳлули безараргардонӣ, дорувории зарурӣ, маҳлули хлор муҳайё шуд, ки дар ин бобат мо мушкилие эҳсос накардем. Барои қадршиносии заҳмати табибон, ҳамширагони шафқат ва кормандони хурди тиббӣ кӯмаки яквақтаи молиявӣ, ҳамчунин дар ин давра се маротиба маводи озуқаворӣ, аз қабили орд, равған, шакар, макарон ва дигарҳо дода шуд. Ногуфта намонад, ки бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар давраи авҷи коронавирус ба марказ як адад нақлиёт бо ронандааш Абдуҷаббор Ғиёсиддинов вобаста карда шуд, ки табибон тавонистанд, бе мамониат бо даъвати сокинон ба ҳавлиҳояшон раванд. Ҳамчунин, ба 30 оилаи эҳтиёҷманди ҳудуди марказ бо дорувор кӯмак расонидем.

Табиб Диловар Маъмурова иброз дошт, дар онҳое, ки ин бемориро аз сар гузарониданд, бо сабаби он ки организми онҳо ба беморӣ масуният ҳосил накардааст, хавфи сироятёбии дубора боқӣ монда, зарур аст, ки меъёрҳои муқарраршуда ба таври ҳатмӣ риоя шаванд. Аз қабили дастро бо собун зуд-зуд шустан, бо маҳлули хлор тез-тез безараргардонии хона ва дастакҳои дар, бе ниқоб нагаштан ва аз ҳама асосиаш аз онҳое, ки ба ин беморӣ гирифтор шудаанд, худро дуртар гирифтан зарур аст. Бештар истеъмоли меваву сабзавот, витаминҳо, ором нигоҳ доштани асаб тавсия дода мешавад. Оби хунук ва ё газнок нӯшидан мумкин нест.

Муовини директори муассиса Мунзифахон Каримова зикр намуд, ки кормандон баҳри пешгирӣ намудан аз ин беморӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ҳанӯз моҳи апрел сар карда, дар тамоми маҳаллаҳои минтақаи фарогири марказ, аз ҷумла Раззоқ, Сари Санг, Масҷиди Савр, Масҷиди Сурх, Пахтакор, 5-6 таълимгоҳи ҳудуди марказ, кӯдакистон, коргоҳу муассисаҳо ба таври васеъ корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, ниқоб тақсим намуданд. Ба Хонаи пиронсолони шаҳр рафта, муоинаи тиббии сокинони он муассисаро гузаронидем ва ба эҳтиёҷмандон хизмат расонидем. Дар омади гап бояд гӯям, ки табибон ва ҳамширагони шафқати марказ ба фардони барӯманди сарзаминамон - Шоирони халқии Тоҷикистон Фарзона ва Озарахш баъди гирифтани табобат дар беморхона муолиҷаи офиятбахшӣ гузарониданд.

 Мавзуна Қаҳҳорова, сарҳамшираи муассисаи табобатӣ изҳор дошт, дар он рӯзу лаҳзаҳои ҳассос аксари ҳамшираҳои шафқат ҳарчанд ҳар яки онон оила, хушдоман, шавҳар, фарзанд доранд, аз кори шабонарӯзӣ, аз гирифтор шудан ба ин беморӣ наҳаросиданд, ягон нафар рухсатӣ гирифта, дар хона нанишаст ва ё варақаи корношоямӣ нагирифт. Баръакс, вақти фориғ ҳар кадом ба сокинони маҳалли зисташон хизмат расониданд, ки ин аз фидоӣ ба касби худ будан, масъулияти баланди онон нисбат ба иҷрои вазифаи касбӣ шаҳодат медиҳад.

-Имрӯз, ҳарчанд хавфи сироятёбӣ аз бемории коронавирус камтар шудааст, меъёри хизматрасонии шабонарӯзии марказ ҳанӯз ҳам 24 соат аст,- гуфт директори Маркази саломатӣ Адибахон Мамадова.

Рафоат МӮЪМИНОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh