ҶҲАТ: таваҷҷуҳ ба кӯмаки башардӯстона ва беғаразона

Дар бинои Кумитаи иҷроияи ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар вилояти Суғд дар нимсолаи аввали соли 2020 баргузор гардид. Дар ҷаласа котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Б. Қурбониён, раиси озоди ҳудудии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилоят Қ.Мирзоева, котиби иҷроияи бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд Парвиз Ҷабборзода иштирок намуданд.

Парвиз Ҷабборзода оид ба фаъолияти бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар нимсолаи аввали соли 2020 ҳисобот дода, иброз дошт, ки бахши вилоятии ҶҲАТ дар ин давра бо истифода аз тамоми имкониятҳо ва нақшаи кории қаблан тасдиқгардида амал намуда, фаъолияти худро мувофиқи супоришҳои Котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Б. Қурбониён ба роҳ монд.

Қайд кард, ки якҷоя бо чаҳордаҳ нафар котиби иҷроияи бахшҳои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корҳои фаҳмондадиҳиро байни аҳолӣ пурзӯр намуда, пайваста гузаронидани вохӯриҳо, чорабинии гуногуни иҷтимоию фарҳангӣ ва варзишӣ, баромад тавассути радио ва телевизион, чопи мақолаҳо дар рӯзномаҳои вилоятиву маҳаллӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар миқёси вилояти Суғд дар санаи 1-уми июли соли 2020-ум 322 ташкилоти ибтидоӣ фаъолият доранд, ки шумораи он нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта шаш адад зиёд аст. Шумораи аъзои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар миқёси вилоят ба 5 821 нафар расида, нисбат ба соли сипаригардида нӯҳ фоиз зиёд гардидааст. Дар назди Бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд нӯҳ лоиҳа ё худ барномаи манфиатовар барои шаҳрвандони вилоят амал менамояд, ки кормандони лоиҳавӣ бо сифати баланди меҳнатӣ ва дастовардҳои назаррас дар татбиқи онҳо саҳм мегузоранд.

Бахши мазкур дар вилояти Суғд ҷиҳати пешгирӣ аз ворид ва паҳншавии бемории сирояткунандаи коронавирус – COVID-19 чораву тадбирҳои саривақтӣ ва зарурӣ андешид. Волонтёрон дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Спитамен аз 18-уми март то ба 30-юми июни соли 2020 чорабиниҳои мақсадноки иттилоотӣ, корҳои ташвиқотиро барои шаҳрвандони касбу кор ва синну соли мухталиф дар корхонаву идораҳо, муассисаву ташкилот, мағозаву марказҳои савдо, бозору ошхонаҳо, дохили нақлиёти мусофиркашон, кӯдакистону мактабҳои миёна ва донишкадаву донишгоҳҳо (то эълон шудани таътил) доир намуданд. Дар маҷмӯъ, то ба санаи 30-юми июни соли 2020-ум 252 ҳазору 699 нафар, аз ҷумла 153 ҳазору 463 нафар мактаббача ба корҳои фаҳмондадиҳӣ фаро гирифта шуданд. Бо кӯмаки ДИ КМ ҶҲАТ дар ҳамкорӣ бо созмони Иттиҳоди Аврупо, ЮНИСЕФ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чор муассисаи тиббии шаҳру ноҳияи вилояти Суғд: Исфара, Истаравшан, Панҷакент ва Кӯҳистони Мастчоҳ таҷҳизоти нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ)-ро ҳамчун кӯмаки бебозгашт пешниҳод намуд.

Ҳамзамон, аз ҷониби ДИ КМ ҶҲАТ бо дастгирии ҒSAID тақсимоти 500 адад бастаи маводи гигиенӣ ба муассисаҳои ташхисию табобатии 5 шаҳру ноҳияи мақсадноки вилояти Суғд: Хуҷанд, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Спитамен (100-ададӣ ба ҳар шаҳру ноҳия) ба роҳ монда шуд. КМ ҶҲАТ дар якҷоягӣ бо Салиби Сурхи Олмон (ССО) бо ҳадафи дастгирии оилаҳои ниёзманд, ашхоси яккаву танҳо, маъюбону бепарасторон ва беморон дар намуди маводи хӯрока ва маводи гигиенӣ кӯмаки башардӯстона расонд. Тақсимоти мавод дар доираи Лоиҳаи байнисарҳадӣ ба 800 оилаи ниёзманд: 400 оила аз шаҳри Исфара ва 400 оила аз ноҳияи Ҷаббор Расулов (шаҳру ноҳияи мақсадноки вилояти Суғд) ба роҳ монда шуд.

Б. Қурбониён дар баромади хеш иброз дошт, ки новобаста ба мушкилоти бамиёномада, яъне интиқол ва паҳншавии бемории сироятии коронавирус дар Тоҷикистон ҳар як корманд, аъзо ва волонтёри Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бояд фаъолияти хешро дар асоси Оиннома ва Низомномаи ҶҲАТ ба роҳ монад. Бахусус, ба фаъолияти башардӯстона ва беғаразона таваҷҷуҳи бештар равона шавад. Чун соли 2021 – соли ҷашни бузургу таърихии миллат - 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, бояд онро бо нишондиҳандаҳои хуби меҳнатӣ ва дастовардҳои назаррас таҷлил намоем.

Дар фарҷом ба ҳамкорони доимии Бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд – ҶДММ “Афзали Суғд”, ҶДММ “Орди фатир” ва волонтёрони фаъол – З. Хоҷаева ва М. Бутаева Сипосномаи бахш ва ба 10 нафар шаҳрванд Шаҳодатномаи аъзогӣ супурда шуд.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,

"Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh