Тозагии маҳал – фараҳи қалбҳо

Дар доираи эълон гардидани “1300 рӯзи меҳнати зарбдор” дар раванди омодагӣ ба ҷашнҳои таърихии миллат, аз ҷумла 30 - солагии Истиқлолияти ҷумҳурӣ тадбирҳои шоиста роҳандозӣ мегарданд.

Ҳамчунин, аз ҷониби масъулини Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои ободонию кабудизоркунӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист, безараргардонии кӯчаву маҳалла, деҳа, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот аксияи “Тозагии маҳал” эълон гаштаву дар ин раванд маъракаи ободонӣ вусъати тоза мегирад.

- Тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти вилоят дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои сохтмонию ободонӣ, таъмири биною иншоот, тоза намудани гирду атрофи идораҳо, иншооти иҷтимоию кӯчаю хиёбонҳо, обод намудани гулгаштҳо, боғҳои истироҳатию фароғатӣ, кашонидан ва ҷойгиронии партовҳо аз кӯчаҳои ҷамоат ва тоза намудани ҳудуди манбаъҳои обӣ, насби шиору овезаҳо ба иҷро расонида шудаанд. Ҳамчунин, дар доираи ҳамин чорабиниҳо ба тартиб даровардани дарахтон, бинову иншоот ва партовгоҳҳо рангубор карда шуданд. Дар шаш моҳи соли равон 202 маротиба аксияи мазкур баргузор гардида, дар доираи он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят шанбегиҳо гузаронида, наздик 300 ҳазор кормандони ташкилоту муассисаҳо, аҳолии ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаи таълимию тандурустӣ фаъолона иштирок доштанд. Зимни баргузории чунин аксияҳо корҳои зиёде, аз қабили тоза намудани ҷӯйбор, заҳбуру заҳкаш ба масофаи беш аз 270 ҳазор метр, дусад ҳазор метр қадди роҳҳо аз партовҳо тоза ва беш аз 1 миллиону 167 ҳазор метри мураббаъ партов ба партовгоҳҳои расмӣ бурда шуданд, - иброз дошт масъули маркази иттилоотии Раёсати мазкур.

Масъулин оид ба чораҷӯиҳои вобаста ба пешгирӣ аз паҳн нагаштани касалиҳои сироятӣ, аз ҷумла COVID-19 ҷиҳати тоза нигоҳ доштани муҳити зист, безараргардонии кӯчаву маҳалла, деҳа, ҷамоату шаҳрак ва деҳот, хусусан дар нуқта ва қуттиҳои махсус ҷамъоварии муваққатии партовҳо, партовгоҳҳо, соҳилҳои манбаъҳои обӣ ташкил ва гузаронида шуд, ки дар он беш аз 15 ҳазор нафар ҷомеаи меҳнатии корхонаҳо, ташкилоту муассиса, хоҷагиҳо ва шаҳрвандон фаъолона иштирок доштанд. Дар ин рӯз ба тамоми иштирокчиёни чорабинии мазкур, шаҳрвандон, эҳтиёҷмандон дастпӯшакҳои резинӣ, ниқобу маводҳои антисептикӣ тариқи ройгон дастрас гардид.

Ҳамчунин, аз ҷониби сохторҳои дахлдор бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятӣ ва таъмини солимии сокинон ва меҳмонони вилоят тадбирҳои безараргардониро пурзӯр намуда, барои тамоман нест намудани ин вабои аср ҳамагон сафарбар шуданд.

Бо мақсади амалигардонии нақшаи чорабиниҳо дар самти корҳои ташвиқотӣ ва тарғиботӣ вобаста ба баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ, гузаронидани ҳашарҳои оммавӣ корҳои тарғиботӣ беҳтару бештар гардонида шуда, минбаъд низ баҳри ободонии кишвар, беҳдошти муҳити гирду атроф корҳоро ҷоннок хоҳем кард, - изҳор доштанд масъулин.

Баргузории чунин аксияву шанбегиҳо боз ҳам ҷиҳати тозагии муҳити гирду атроф ва пешгирии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ мусоидат хоҳад намуд, ки ба чунин корҳои тозагию ободонӣ набояд ягон афроди ҷомеа бетараф бошад.

Маъмурахон САМАДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh