Ҳар як оила бояд захираи маводи ғизоӣ дошта бошад ​

Дар доираи боздиди корӣ аз шаҳри Бӯстон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба манзили Алишер Охунов ташриф оварда, рафти захирасозии маҳсулоти консервагиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Чуноне мушоҳида гардид, оилаи Охуновҳо дар асоси ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади таъмини эҳтиёҷоти хонаводаи худ маҳсулоти консервагиро захира карда истодаанд.

Илова бар ин дар анбори оилаи Охуновҳо барои муддати муайян орду равған, биринҷ, тути хушккардашуда, гӯшт, пиёз, чормағз ва дигар маводи ғизоӣ захира карда шудааст.

Зикр карда шуд, ки захираи маҳсулот анъанаи хуби миллати тоҷик буда, бояд ҳар як оила бо истифода аз имконоти худ маҳсулоти барои рӯзгор заруриро нигаҳдорӣ намояд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh