Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров заминҳои наздиҳавлигиро барои таъмини эҳтиёҷоти рӯзгор самаранок истифода мебаранд

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи самараноки замин тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Сокинони ноҳия заминҳои наздиҳавлигии хешро барои кишту парвариши меваву сабзавот истифода бурда, аз ҳосили ба дастовардаи худ маводи ғизоиро захира менамоянд.

Дирӯз Раиси вилоят дар Ҷамоати шаҳраки Ғафуров ва Ҷамоати деҳоти Исфисор бо тарзи истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Нахуст роҳбари вилоят аз манзили Дилбар Ғиёсова боздид намуд ва тавре аён гардид, оилаи Ғиёсовҳо замини худро барои рӯёнидани ҳосили дуюм омода намуда истодаанд.  Дилбар Ғиёсова ва аҳли оилааш ҳамзамон барои таъмини эҳтиёҷоти худ бо истифода аз мавсими ғуну чини меваву сабзавот маҳсулоти консервагиро захира кардаанд.

Саломат Эргашева, сокини дигари ноҳия имсол низ чун анъана тибқи эҳтиёҷ барои аҳли оилаи худ маҳсулоти гуногунро захира намуда истодааст. Мавсуф дар суҳбат бо Раиси вилоят изҳор дошт, ки имсол маҳсулоти кишоварзӣ фаровон аст ва оилаи Эргашевҳо ҳамасола маҳсулоти заруриро захира менамояд.

Ин зани соҳибтаҷриба илова бар корҳои рӯзгор дар як гӯшаи ҳавлии худ коргоҳи хурди дӯзандагӣ ташкил карда, барои ҷавондухтарони маҳал имконият фароҳам овардааст, ки ҳунари дӯзандагиро азхуд намоянд.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми боздид таъкид кард, ки таҷрибаи рӯзгордории чунин сокинон намунаи ибрат ва шоистаи пайравӣ аст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh