Дар вилоят 47723 сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд гирифта шудааст

Нишасти матбуотии навбатӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳа бо намояндагони шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят ва васоити ахбори омма доир гардид.

Сардори шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд Лолахон Файззода иброз дошт, ки дар ин муддат шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят 47723 адад сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд гирифтааст. Аз ҷумла, сабти таваллуд 25482, вафот 6063, никоҳ 7945, қайди берун аз муҳлати таваллуди кӯдакони навзод 1513, қайди берун аз муҳлати сабти вафот 117, бекоркунии ақди никоҳ 1922, муқаррар кардани ҳуқуқи падарӣ 1369, фарзандхонӣ 155, иваз кардани насаб, ном ва номи падар 3157 адад сабт шудааст.

Баъди ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» аз санаи 19 –уми июли соли 2019, №1637 аз ҷониби шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳия ва ҷамоатҳои деҳот 22465 адад шаҳодатномаи таваллуди ройгон ба падару модари кӯдакони навзод ва шахсони ба онҳо барбаркардашуда дода шудааст. Инчунин, аз тарафи шуъбаю бахшҳои шаҳру ноҳиявӣ 5010 аризаи шаҳрвандон оид ба ворид намудани ислоҳ, тағйирот ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ баррасӣ гардидааст, ки аз ин теъдод 290754 сомонӣ ба манфиати давлат боҷ ситонида шуда, ба буҷаҳои маҳаллӣ аз тарафи муроҷиаткунандагон интиқол дода шудааст.

Ҳамчунин, аз 1922 ҳолати сабти бекоркунии ақди никоҳи оилаҳо дар вилоят, 1251 ҳолат бо қарори суди шаҳру ноҳияҳои вилоят буда, аз ин теъдод 1573 нафар кӯдаки ноболиғ аз тарбия ва меҳру муҳаббати яке аз тарафҳо (падар ё модар) дур мондаанд.

Инчунин, 663 ҳолати сабти бекоркунии ақди никоҳро дар шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ҳолати надоштани фарзандони ноболиғ ва 8 ҳолат бо аризаи яке аз ҳамсаронро ташкил медиҳад. Дар давраи ҳисоботӣ шаш ҳолати бекор кардани акди никоҳи шаҳрвандони хориҷӣ ва бешаҳрванд бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта шудааст.

Ҳамчунин, аз тарафи шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят 754 ҳолати аризаҳои модарони танҳо аз таваллуди кӯдакони навзод ба қайд гирифта шудааст, инчунин се нафар модарони ноболиғ ба қайд гирифта шудаанд. Аз он ҷумла 18 ҳолати ақди никоҳи шаҳрвандони хориҷӣ ва бешаҳрванд дар шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар хотимаи нишасти матбуотӣ бо масъулини мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва намояндагони васоити ахбори омма саволу ҷавоб доир гардид.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,

"Ҳақиқати Суғд"

Add comment


Security code
Refresh