САҲИФАИ НАВ ДАР ДӮСТИИ ХАЛҚҲОИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК

Мардуми тоҷику ӯзбекро суннатҳои бисёрасраи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эҳтироми якдигар муттаҳид месозанд. Дӯстии онҳо аз давраҳои қадим сарчашма мегирад. Омӯзиши таърихи равобити халқҳои тоҷику ӯзбек ҳамеша дар мадди назари таърихшиносону ҷомеашиносон қарор дошт. Олимони тоҷикистонӣ ва ӯзбекистонӣ ба муаммоҳои робитаҳои байни ду давлатҳо таваҷҷуҳ намуда, ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва илмиро то андозае мавриди омӯзиш қарор додаанд. Аз соли 2018, яъне баъд аз сафарҳои кории Сарварони ду давлат ба Тоҷикистону Ӯзбекистон саҳифаҳои навро кушодаанд. Дар солҳои 2018-2020 дар шаҳрҳои Тошканд, Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Кӯлоб, Бохтар, Андиҷон, Қӯқанд, Фарғона, Самарқанд, Бухоро ва ғайра конференсияҳои байналмилалӣ баргузор гардида, дар қатори меҳмонони хориҷӣ олимони ду давлат иштирок ва дӯстии тоҷику ӯзбекро боз ҳам инкишоф доданд.

Яке аз саҳифа ва марҳалаи нав дар таҳкими ҳамкориҳои илмӣ конференсияи байналмилалии илмӣ аз мавзӯи «Мулоқоти байни фарҳангҳо дар Ӯзбекистон дар нигоҳи сайёҳӣ: таҷриба, муаммоҳои муҳим ва рушди истиқбол», ки дар Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд баргузор гардид, мебошад. Конференсияи байналмилалии илмӣ дар шароити кунунии ҷаҳонишавии бемории сироятии коронавирус дар асоси дастури «ZOOM» видеоконференсияи онлайнӣ баргузор гардида, масъалаҳои муҳими илмӣ бо иштироки олимони Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Осиёи Марказӣ, ИМА ва давлатҳои дигар муҳокима гардиданд. Анҷумани илмӣ аз тарафи ходимони илмии Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд Дилбархон Олимҷонова ва Ӯткирбек Бурҳонов дар раванди мустаҳкам намудани дӯстии халқҳо, тоҷикону ӯзбекон босифат ташкил ва гузаронида шуд.

Дар видеоконференсия олимони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров камина, М.Н.Искандарова, Н.С.Эркаева, Қ.Ҷабборова ва дигарон дар мавзӯъҳои гуногун оид ба раванди дӯстии халқҳо баромадҳои пурмазмун намуданд. Анҷумани илмии байналмилалӣ барои амалӣ гардидани Барномаи давлатии солҳои 2019-2021 - «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дорои аҳамияти тарбиявию илмӣ ва умумиҷаҳонӣ буда, мардуми моро суннатҳои бисёрасраи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эҳтироми ҷонибайн муттаҳид месозанд.

Сафар ЭРКАЕВ,

иштирокчии Конференсияи байналмилалӣ,

дотсенти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh