ҲИССИ БАЛАНДИ ВАТАНДӮСТӢ

Ҷавонон пайравони Пешвои миллат мебошанд, бинобар ин онҳо нерӯи созанда ва пешбарандаи ҳар як давлату миллат ба ҳисоб мераванд. Пешрафти ҳама соҳаҳои ҷамъият аз ҷавонони хушахлоқу соҳибмаърифат вобаста аст. Ҷавононе, ки ҳисси ватандӯстиашон бештар аст, ҳамон қадар рӯ ба пешравӣ мениҳанд. Яке аз чунин пайравон Деҳқонбой Деҳқонов мебошад.

Ӯ шукргузор аз он аст, ки дар замони Истиқлолият ва орому осуда умр ба сар мебарад. Деҳқонбой Деҳқонов соли 1987-ум дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷамоати деҳоти Ғозиён, деҳаи Поён ба дунё омадааст. Ин ҷавони чусту чолок ва серҳаракат аз даврони мактабхониаш дар бисёр чорабиниҳои илмӣ, олимпиадаҳои фаннӣ иштирок намуда, соҳиби Ифтихорномаву сипосномаҳо гаштааст. Ӯ хатмкардаи факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буда, ҷавони ташаббускору навовар аст.

Ҷоиз ба зикр аст, ки Деҳқонбой фаъолияти кориашро соли 2010 ҳамчун омӯзгори фанни забони англисӣ дар МТМУ№1 ва МТМУ№ 47-уми Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз намуда, ба толибилмон забони хориҷиро омӯзонидааст. Ҳамчунин, дар рафти фаъолияти хеш чун муштараквазифа солҳои 2011-2015 ба ҳайси ассистенти кафедраи забонҳои хориҷии Донишгоҳи кӯҳӣ - металлургии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, факултаи забонҳои хориҷӣ ба ҳайси омӯзгори забони англисӣ фаъолият дошт.

Деҳқонбой доимо шукронаи Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ ва амнияту оромии кишвар мекунад. Меболад, ки Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, баҳри рушду нумӯи миллат, хосатан ҷавонон ғамхориҳои зиёд доранд. Ин ҷавони соҳибистеъдод пайваста дониши хешро сайқал дода, ҳоло донишҷӯи курси 2-юми Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, факултаи ҳуқуқшиносӣ буда, мехоҳад, вориси арзандаи кишвар бошад.

Ин мутахассиси ҷавон ва кордон баҳри обод намудани кишвари хеш ба вазифаи муовини раиси Ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳия ва мутахассиси шуъбаи умумӣ ва корҳои махсуси дастгоҳи Раиси вилояти Суғд фаъолият дошт.

Аз соли 2017 то ҳол ҳамчун сармутахассиси шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд фаъолияти босамар дорад. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд моҳи августи соли 2019 –ум дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, дар шаҳрҳои Урумчӣ, Шанхай ва Суҷо дар курси кӯтоҳмудат таҳсил намуда, соҳиби диплом гардид. Ҳамаи пешравӣ ва комёбиҳояшро аз ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат ба ҷавонон мебинад.

- Мо бояд соҳиби дониш, ақлу савод ва зирак бошем ва барои рушди давлати азизамон саҳми худро гузорем. Аз дастгирӣ ва суханони пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҷавононро ояндаи ҷомеаю давлат ном мебаранд, сарфарозам. Он ба мо қувват ва нерӯи тоза мебахшад. Ҳамеша мекӯшам, баҳри пешрафти ҷомеа саҳми хешро гузорам. Мо, ҷавононро зарур аст, ки ҳамеша ҳушёр бошем ва ба доми фиребу найранги душманон наафтем. Андешаи солим он аст, ки баҳри пешрафти ҷомеа амал намоем, зеро бе ташаббуси нек ва ақидаҳои солим созандагӣ басо душвор аст.

Бештари аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеаву ояндаи миллат ва давлат мебошанд, – иброз дошт Деҳқонбой Деҳқонов.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
"Ҳақиқати Суғд"

Add comment


Security code
Refresh