ҲАДАФ: ТАЪМИНИ БОЗОРИ ИСТЕЪМОЛӢ ВА ФАРОВОНИИ ДАСТАРХОНИ МАРДУМ

Субҳи имрӯз маркази шаҳри Хуҷанд, серодам буда, мардум бо болидагии хоса роҳ сӯи мавзеъи Театри давлатии мазҳака мусиқавии  ба номи Камоли Хуҷандӣ равона буданд. 
 
Оғозаз имрӯз баҳри таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ, дастгирии марди деҳқон ва ҳамчунин пешгирии болоравии нархи маҳсулот дар арафаи Иди Қурбон тибқи дастуру супориши Раиси  вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид. 
 
Мавриди зикр аст, ки дар рӯзи якум, яъне санаи 25 июл ба ярмарка – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, маводи ғизоии ниёзи аввалияро масъулину деҳқонони хоҷагиҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Куҳистони Мастчоҳ, Спитамен, Зафаробод, Деваштич, Иттифоқи матлуботи вилоят ва соҳибкорони шаҳрҳои Гулистону Хуҷанд пешкаш намуданд.
 
Бино ба иттилои масъулини Сарраёсати кишоварзии вилоят тибқи натиҷаи ҷамъбасти маълумоти фаврӣ  ба санаи 25 июл дар маҷмӯъ 140 тонна маҳсулоти кишварзиву маводи хӯрока, аз ҷумла беш аз 24 тонна картошка, 20,5 тонна пиёз, 8,2 тонна сабзӣ, 9 тонна сабзавоти гуногун, 27 тонна полезӣ, 5 тонна биринҷ, 2,5 тонна равған, 5 тонна меваҳои гуногун, 3 тонна консерва ва обҳои ташнашикан, 2,2 тонна гӯшти гов, 0,5 тонна гӯшти гусфанд, 0,5 тонна гӯшти паранда, 0,4 тонна гӯшти моҳӣ, 0,3 тонна маҳсулоти гӯштӣ, 22,3 тонна орд, 3 тонна намак, 4,5 тонна шакар,  0,6 тонна маҳсулоти қаннодӣ, 0,9 тонна асал ва 7 ҳазор дона тухм ба меҳмонону харидорон пешниҳод гардонида шуд. 
 
Боиси зикр аст, ки арзиши молу маҳсулот нисбат ба мағозаву бозорҳои маҳаллӣ аз 15 то 40 фоиз арзонтар буда, сокинони шаҳр аз иқдоми неки роҳбарияти вилоят ва баргузории чунин ярмарка фурӯши молу маҳсулоти кишоварзӣ изҳори қаноатмандӣ доштанд.
Ярмарка боз давоми 2 рӯз, яъне санаҳои 26 - 27 июл баргузор хоҳад шуд.
 
Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд ”
 

Add comment


Security code
Refresh