ЗАХИРАИ МАҲСУЛОТ БО ТАРЗУ УСУЛҲОИ ГУНОГУН

Имрӯзҳо аксари сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят баъзе намуди маҳсулоти кишоварзиро дар зарфҳои алоҳида бо риояи анъана ва тарзу усулҳои хос захира кардаву нигаҳ медоранд, ки на танҳо дар зимистон, балки то баҳори нав сифати хуби худро гум намекунанд. Дар хонаҳо баъзе намуди маҳсулот барои як ё ду сол захира мешаванд. Масалан, гандум бо тарзу усулҳои бобоӣ муддати дароз нигоҳдорӣ мешавад.

Бино ба гуфти сокини ноҳияи Айнӣ Исмоил Абдураҳимов, агар дар сандуқҳо ғалларо нигоҳ дорем, якчанд сол сифати худро гум намекунад. Истифодаи чунин усулҳои хос имкон медиҳанд, ки ғалла, орду равған, лӯбиёгиҳо, меваи хушк, қоқи туту зардолу ва дигар намуди озуқа сифату таркиб, ғизою витаминнокии табииро нигоҳ доранд.

Дар ҳар як хонадони ҷамоату деҳоти ноҳия занони ҳунарманд бо омода намудани хуриш барои давраи зимистон сарукор доранд ва маҳсулоти заруриро бо тарзу усули гуногун дар зарфҳои шишагӣ захира мекунанд.

Сирри захираи маводи хӯрок, пеш аз ҳама, барои боварии худи оила, хотирҷамъию фаровонӣ ва дастрасӣ ёфтани ҳар хонадон ба маҳсулоти серғизо ба ҳисоб меравад.

Аз ин рӯ самараноку мақсаднок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин омили асосии фаровонии маҳсулот мебошад. Сокинони ноҳияи Айнӣ низ маданияти хуби истифодаи заминҳои наздиҳавлигиро беҳтар амалӣ намуда, меваю сабзавоти заруриро барои рӯзгор истеҳсол мекунанд. Маҳз ин тадбир имконият медиҳад, ки барои қонеъ гардонидани талаботи рӯзмарра, инчунин барои давраҳои минбаъда номгӯи маҳсулоти кишоварзӣ захира карда шавад.

Сарвиноз Шокирова, сокини ноҳия дар суҳбат гуфт, ки ҳамасола он маҳсулоте, ки барои хонавода лозим аст, аз қабили помидору бодиринг ва мевагиҳоро барои захира кардан ҳамроҳи оилаамон ҷамъоварӣ намуда, компоту шарбатҳо ва ҳар гуна хуришҳо омода менамоем. Хуб мешуд, ҳамаи сокинон заминҳои наздиҳавлигии худро самараноку оқилона истифода баранду дар он ҳар гуна зироати кишоварзӣ кишт намоянд, то аз он ҳосили дилхоҳ ба даст оранду ба ин васила зиндагии худашонро пеш баранд.

Ҳамчунин, Акрам Шодиев низ мегӯяд, ки - барои дастгирии захираи дусолина, ки Пешвои миллат пешниҳод намуданд, мо аллакай ҳосили киштнамудаамонро ҷамъоварӣ намудем, ки он аз қабили ғалладонагиҳо, картошка, сабзӣ ва дигар зироатҳо мебошад. Он заминҳое, ки картошка кишт намуда будем, баъди ҷамъоварии ҳосил дар он кишти такрории дигар зироатро ба роҳ мондем.

Дар ин хонадон айни замон аз помидору бодиринги тару тоза, ки ба ҳосил даромадааст, барои мавсими зимистон маҳсулоти консервашуда омода менамоянд. Дар анбори нигоҳдории маҳсулот барои эҳтиёҷоти рӯзгор картошка захира кардаанд, ки барои таъмини яксолаи оилаи онҳо басанда мебошад.

Афшураи олуча, себ, мураббо аз зардолу, олу ва қулфинай, аз помидору бодиринг омода намудани ҳар гуна консервагиҳоро занон бо риояи қоидаҳои пешбинигардида анҷом медиҳанд.

Ба андешаи занони ботаҷриба, ҳар як маҳсулот бояд дар вақти ҷамъоварию захиракунӣ дуруст истифода гардад ва то давраи муайян таркиби ғизонокияшро нигоҳ дорад. Самараноку оқилона истифода бурдани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ аз ҷониби сокинони ноҳияи Айнӣ нишон аз ҷонибдории ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи кишоварзӣ мебошад.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

 “Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh