Оилаи Қаҳҳоровҳо барои тирамоҳу зимистон маводи ғизоӣ захира менамоянд

Бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо ҳар як оила барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани тирамоҳу зимистони дар пеш истода маводи ғизоӣ захира менамояд.

Оилаи Қаҳҳоровҳо, сокинони Ҷамоати деҳоти ба номи Лоҳутии шаҳри Конибодом низ бо истифода аз мавсими ғуну чини ҳосил маҳсулоти гуногунро захира намуда, бовар доранд, ки зимистони имсоларо бидуни ягон мушкилӣ паси сар менамоянд. Аъзои ин оила талаботи яксолаи худ ба маводи ғизоиро хуб медонанд ва тибқи он маҳсулоти барои худ лозимиро захира менамоянд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми сафар ба шаҳри Конибодом ба хонаводаи Абдумалик Қаҳҳоров ташриф оварда, ҷараёни захирасозии маҳсулотро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Таъкид карда шуд, ки ҳар як оила бояд қитъаи замини наздиҳавлигиашро мақсадноку оқилона истифода бурда, захираи маводи ғизоӣ дошта бошад.

Пасон, Раиси вилоят собиқадори хизмати давлатӣ, сокини Ҷамоати деҳоти ба номи Лоҳутӣ Шарифҷон Мазоҳировро аёдат кард. Зимни суҳбати гарму самимӣ бо Шарифҷон Мазоҳиров Раиси вилоят аз ғамхориҳои Сарвари давлат нисбат ба ашхоси собиқадор ёдовар шуд.

Шарифҷон Мазоҳиров дар навбати худ барои дастгириҳои доимӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ намуд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh