САТҲИ БАЛАНДИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ – ПОЯИ УСТУВОРИ ҶОМЕА

Дар назди бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Бобоҷон Ғафуров созмони ҷамъиятии Пайравони Пешвои миллат фаъолият мебарад. Бо иқдоми аъзои понздаҳнафараи ин созмон, ки патрули сабз ном гирифтаанд, тайи ду соли фаъолияташ дар бобати тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф, ободу кабудизор намудани маҳалҳо як силсила амалҳои нек анҷом дода шудааст.

Аз ҷумла ин ҷавонони фаъол дар маҳаллаҳо, ҳавлӣ ба ҳавлӣ гашта доир ба муҳофизати табиат, эҳтиёт кардани ҳар ниҳоли сарсабзи шинондашуда, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атрофи худ, ба ҷойҳои муайяншуда баровардани партов, ба оби ҷӯю каналҳо, дарё напартофтани он ва пок нигоҳ доштани об байни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд. Аъзоёни ин гурӯҳ дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ , яъне ба чунин ташкилот лоиҳаҳо пешниҳод карда, ба он ноил гаштанд, ки дар тамоми маҳаллаҳои Ҷамоатҳои Хистеварз ва Овчӣ-Қалъача бештар аз 50-60 адад қуттиҳои партовпарто гузошта, ҳамчунин ба кормандони хадамоти хизматрасонии партовкашонӣ либоси махсуси якхела пешниҳод карда шуд. Ин амал, ҳарчанд ба назар оддӣ менамояд, аммо аз бисёр ҷиҳат ба тозагиву озодии ин маҳалҳо мусоидат намуда, боиси ризомандии сокинон гардид.

Бо дарназардошти он, ки солҳои охир вазъи экологии бархе аз мамолики дунё аз беэътибории сокинон халалдор гаштааст, аз ҷумла мавзеъҳои калон ба партовҷо табдил ёфтаанд ё ин ки зери уқёнусҳо бо партовҳо пур шудааст, баҳри пешгирӣ аз вайроншавии вазъи экологии вилоятамон аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят ва бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳру навоҳӣ иқдому ташаббусҳои нек амалӣ карда мешаванд. Як самти фаъолияти Раёсат ба ҳифз доштани вазъи экологии вилоят нигаронида шудааст. Чунонки мутасаддии бахш оид ба экология Шаҳбоз Аҳмадов изҳор дошт, баргузор намудани чорабиниҳо оид ба ҳифзи муҳити зист, аз як ҷиҳат, боиси тозагии муҳити атроф, манзилҳои мо ва покизагии оби дарёҳо бошанд, аз тарафи дигар, баҳри баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон мусоидат менамоянд. Чунин иқдомҳо давоми солҳои охир мунтазам ба роҳ монда шуда, давоми ҳафт моҳи соли равон бошад, дар самти ҳифзу ҳимояи муҳити зист ва ободу кабудизоркунии маҳал беш аз 197 маротиба чорабиниҳои ободкориву созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят доир карда шуд, ки дар онҳо 38 271 нафар ҷавонон иштирок намуданд ва зиёда аз 39 143 адад гулу гулбутта ва ниҳоли дарахтони мева шинонда шуданд. Ҳамчунин, дар ин радиф 80,6 гектар замини бекорхобида азхуд ва боғоти мева бунёд гардид.

Аз ҷумла дирӯз, санаи 25-уми июли соли равон, тибқи дастуру супориши Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва иқдоми Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, таҳти шиори «Ватанро мо, ҷавонон, сабзу хуррам мегардонем» аксия доир гардид, ки ба тозакунии муҳити зист, соҳили дарёҳо, шинондани гулу бутта ва ниҳолҳо ва дигар амалҳо бахшида шуд. Дар ин чорабинӣ танҳо дар маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд бештар аз 400 нафар ҷавонон бо роҳбарии сарвари бахши кор бо ҷавонон Абдувосит Ғафуров зимни аксия ба тозакунии соҳили дарёи Сир машғул шуданд. Ҳамчунин, бештар аз 4 гектар замини мавзеи нообод азхуд ва бо киштукор фаро гирифта шуд. Худи ҳамон рӯз чунин чорабиниҳо дар тамоми ҳаҷдаҳ шаҳру навоҳии вилоят сурат гирифта, беш аз 1000 нафар ҷавонон ширкат намуданд ва бо тозакунии соҳили дарёҳо, сафедкунии дарахтон, нармкунии зери дарахтони боғот, ранг кардани саҳни биноҳо, шинондани ниҳоли дарахтони мева ва гулу гулбуттаҳо машғул шуданд.

Тавре мутахассиси самти ҳифзи экологии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Замирахон Мансурова иброз дошт, ҳамин тавр бо ташаббуси ҷавонони фаъоли ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (раиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Дилшод Тошбоев) бештар аз 10 гектар замини бекорхобидаи мавзеи Рухак обод гардида, дарахтони мевадиҳанда шинонда шуданд. Дар ҷараёни аксияи тозагии маҳал дар шаҳри Истаравшан ба ҷуз корҳои ободониву тозагӣ 38 гектар замин азхуд ва ниҳоли дарахтони мева шинонда шуда, ба майдони боғот тадбил дода шуд. Дар шаҳри Истаравшан бо сарвари бахши кор бо ҷавонон Аскар Ҳотамзода амалҳои неку хайрхоҳона зуд-зуд ба роҳ монда мешаванд. Дар ноҳияи Зафаробод бо иқдоми накӯкоронаи ҷавонон соли равон зиёда аз 32 ҳазор бех ниҳоли мева шинонда шуд. Ҷоиз ба зикр аст, ки бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳру навоҳии Панҷакент, Бӯстон, Мастчоҳ (сарвараш Саидҷаъфар Азизов), Кӯҳистони Мастчоҳ (сарвараш Меҳроб Абдуев), Ҷаббор Расулов (сарвараш Маъбуд Маъруфзода), Деваштич дар самти баланд бардоштани маърифати экологии мардум амалҳои нек анҷом дода, тадбирҳои судбахшро амалӣ мекунанд. Аз ҷумла танҳо давоми соли равон дар ноҳияи Мастчоҳ бо нерӯи ҷавонон 6 гектар, Кӯҳистони Мастчоҳ 2 гектар, шаҳри Панҷакент 1 гектар замин ободу гулпӯш ва корам гардонида шуд.

Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ҷавонон нерӯи ояндасози миллатанд. Дар ин росто «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардидани солҳои 2020-2040 бесабаб нест. Зеро чуноне маълум аст, тайи солҳои охир маҳз бо сабаби беэътиборӣ ба покизагии оби уқёнусҳо, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалли зист вазъи экологии ҷаҳон коста гардидааст ва ин аз ҳар сокини сайёра тақозо менамояд, ки ба тозагии муҳити атрофи худ бетафовут набошанд.

Мардуми тоҷик аз азал озодахӯ, тозагипарастанду ба покизагии об арҷ мегузоранд. Ҳар сол бо шинондани ҳазорҳо бех ниҳоли дарахтони сояафкану мевадиҳанда манзилу маҳалли зисти худро сарсабзу кабудизор менамоянд.

Ба рушд додани фанни табиатшиносӣ эътибори хоса зоҳир кардани Пешвои миллат ин маҳз эътибор ба тозагии маҳал, муҳити зист, баланд бардоштани маданияти заминдорӣ, риояи ғизонокии таркиби хок, покиза доштани об, афзун намудани гиёҳҳои шифобахши Ватани азизамон ва бо ҳамин ноил шудан ба солимии муҳити зист мебошад. Зеро табиб, файласуф ва мутафаккири бузурги тоҷик Абӯалӣ ибни Сино гуфтааст, ки се омил сарчашмаи солимии тану рӯҳи инсон аст: муҳити солим, оби тоза, ғизои солим.

Пас, дар ин радиф баланд бардоштани маърифати экологии мардум, нисбат ба тозагии оби ҷӯи маҳалли зисти худ бепарво набудан, шинондани ниҳол, нигоҳубини пайвастаи онро ба худ қарз донистан, манзилҳои хешро доимо аз партов тоза карда истодан ба амалишавии ҳадафи асосии мо-солимии ҷомеа мусоидат хоҳад кард.

Рафоат МӮЪМИНОВА,

"Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh