Дар ноҳияи Спитамен заминҳои наздиҳавлигӣ самаранок истифода бурда мешавад

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Спитамен рӯзи 2 август дар Ҷамоати шаҳраки Навкат бо тарзи истифодабарии замини наздиҳавлигӣ шинос шуд.

Раиси вилоят аз ҷумла аз манзили сокини ноҳия Ҳамроқул Ҳазратқулов боздид кард. Мавсуф дар замини наздиҳавлигии худ помидор, қаламфур, кабудиҳо, меваҳои ангур, шафтолу, анҷир, хурморо парвариш намуда, ҳамасола ҳосили хуб ба даст меоварад. Ҳамроқул Ҳазратқулов ва аъзои оилаи ӯ алаккай кишти картошкаи такрорӣ, турб ва бехиро ба сомон расонидааст.

Аъзои оилаи Ҳазратқуловҳо дар фасли тобистон сертарадуд мебошанд ва чун анъана барои хуш гузаронидани тирамоҳу зимистон маводи ғизоӣ захира менамоянд.

Онҳо бо истифода аз масолеҳи кишоварзие, ки дастранҷи худашон аст, афшура ва мураббоҳои гуногун омода намуда истодаанд.

Аҳли ин оила ҳамзамон маводи ғизоиро ба монанди орд, равған, биринҷ, мош, гӯшт захира кардаанд.

Раҷаббой Аҳмадзода аснои боздид аз манзили истиқоматии Ҳамроқул Ҳазратқулов таъкид кард, ки мардуми тоҷик аз қадим дар фасли тобистон маводи зарурии худро барои тирамоҳу зимистон захира мекард ва ин анъанаи нек имрӯз низ риоя карда мешавад. Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки ҳар оила бояд тибқи талаботи худ захираи маводи ғизоӣ дошта бошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh