ГУЗАШТАН АЗ ТЕСТИ COVID - 19 РОЙГОН АСТ!

Дар маркази вилоят шаҳри Хуҷанд барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории КОВИД-19 дастур шудааст, ки арӯсу домод ва иштирокдорони дигари тӯй бояд пеш аз маросим аз ташхиси коронавируси нав гузаранд. Дар ин бора дафтари матбуоти шаҳри Хуҷанд иттилоъ дод. Ин тасмим дар ҳоле гирифта шудааст, ки аз руи нишондоди «таҳлили даҳрӯзаи охир теъдоди беморони илтиҳоби шуш ва короновирус рӯ ба афзоиш ниҳодааст».

Дар нишасти Ситоди COVID-19 дар маркази вилоят аз он нигаронӣ шудааст, ки дар баъзе аз марказҳои савдову бозорҳо ва ошхонаҳо чораҳои пешгирӣ аз бемории ҳамагир риоя намешавад. Ва аз ҷониби Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода зикр гаштааст, ки «дар сурати иҷро нагардидани чораҳо, фаъолияти ин марказҳои савдо бе огоҳӣ қатъ карда мешавад, зеро саломатии шаҳрвандон аз ҳама манфиатҳо боло меистад».

Ба иттилои расмӣ, аз охири моҳи апрел то санаи 3-юми август дар Тоҷикистон, беш аз 7500 нафар ба бемории коронавируси нав гирифтор шуда, зиёда аз 6300 нафар шифо ёфтаанд ва 61 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст.

Дар ситод аз он изҳори нигаронӣ шудааст, ки бо вуҷуди андешидани тадбирҳои пешгирӣ ва роҳандозии корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ риоя нагардидани тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шаҳрвандон ва марказҳои савдою хизматрасонӣ ба чашм мерасад.

Муовини сардори Раёсати тандурустии вилоят Маъруф Ҳоҷибоев иттилоъ дод, ки ҳодисаҳои шиддати зиёди мавҷи дуюми ин бемории сироятӣ дар кишварҳои ҳамсоя моро ором гузошта наметавонад. Таҳлили даҳрӯзаи охир собит менамояд, ки теъдоди беморони илтиҳоби шуш ва короновирус рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Мутаассифона, ин беморӣ бидуни нишона зуҳур намудааст, ки ташвишовар гардидааст. Бо вуҷуди бурдани корҳои тарғиботӣ гигиенияи ҷамъиятӣ риоя намешавад, мардум бениқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳузур доранд. То ҳол оқибатҳои гирифторӣ ба бемории коронавирус «Covid-19»-ро дуруст дарк накардаанд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба масъулини дахлдор дастур додааст, ки шаҳрвандоне ки тӯйи хонадоршавӣ мегузаронанд, бояд иштирокчиёни маърака аз тести муайяннамоии коронавирус гузаранд ва ин тадбир баҳри пешгирии сирояти дигар нафарон амалӣ карда мешавад.

Доир ба масъалаи гузаштан аз тест мутахассиси Маркази назорати давлатии санитарӣ - эпидемиологии вилоят Насиб Икромов гуфт, ки гузаштан аз тест барои муайян кардани бемории сироятии коронавирус пурра ройгон мебошад. Тест дар марказҳои саломатии минтақавӣ гузаронида мешавад. Агар шахс дар беморхона бошад, дар ҳамон ҷо аз тест гузашта, ба Маркази назорати давлатии санитарӣ - эпидемиологӣ пешниҳод мекунад. Идораву ташкилот бошад, расман тариқи мактуб муроҷиат мекунанд ва ба таври мутамарказ гузаронида мешавад.

- Дар тани инсон мавҷуд будан ё набудани вируси «Covid-19» дар давоми 8 соат муайян карда мешавад. Барои шахси солим он як маротиба ва барои шахси бемор се маротиба гузаронида мешавад. Нафароне, ки аз ташхис гузаштанду дар худ вирусро пайдо накарданд аз гаштугузор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ худдорӣ кунанд. Вобаста ба роҳҳои гузариш ва пешгирии сироятёбӣ ба коронавирус аз ҷониби Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, кормандони Маркази назорати давлатии санитарӣ – эпидемиологии шаҳру навоҳии вилоят дар вақти гузаронидани санҷиш, рейдҳои муштарак ва вохӯриҳо ба аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда истодааст, - гуфт Насиб Икромов. 

Боиси қайд аст, ки оид ба гузаронидани тести муайянкунандаи вируси сироятии «Covid - 19»  дар ҳама соҳаҳо ва ташкилоту идораҳо, ҳамчунин бозору мағоза ва ошхонаҳо аз ҷониби масъулини дахлдор, алалхусус мақомоти иҷроияи ҳоқимияти давлатии шаҳри Хуҷанд чораҳои зарурӣ роҳандозӣ шуда истодааст.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh