Дар таъмини волоияти қонун

Дар нишасти матбуотии Суди вилояти Суғд натиҷаи фаъолияти суди шаҳру ноҳияҳои вилоят дар нимсолаи аввали соли 2020 баррасӣ шуд.

Дар нишасти матбуотӣ намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, судяҳо ва кормандони масъули дастгоҳи суди вилоят ва рӯзноманигорон иштирок доштанд.

Сароғоз раиси Суди вилояти Суғд Оқилзода Бахтиёр Даврон оид ба натиҷаи фаъолияти судҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар давоми нимсолаи аввали соли 2020 ҳисобот дод.

 Қайд гардид, ки дар нимсолаи аввали соли 2020 аз ҷониби суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳо дар марҳалаҳои якум, кассатсионӣ ва назоратӣ 17 232 парвандаи граҷданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ, дархостҳои мақомоти тафтишоти пешакӣ ва пешниҳодҳои муассисаҳои ислоҳӣ баррасӣ гардидаанд.

 Аз ин шумора 1393 парвандаи ҷиноятӣ, 2238 парвандаи граҷданӣ, 5359 парвандаи оилавӣ ва 5752 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мебошанд.

Ҳамзамон, дар ин давра дар коллегияҳои судии суди вилоят 170 парвандаи ҷиноятӣ, 142 парвандаи граҷданӣ, 193 парвандаи оилавӣ ва 35 адад парвандаи маъмурӣ баррасӣ гардидаанд.

Зикр шуд, ки вобаста ба вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби судҳои вилоят 97 парванда баррасӣ гардида, нисбат ба 94 шахс ҷазои ҷарима ба маблағи 536 020 сомонӣ таъин шудааст.

 Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» 1535 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардидааст. Дар натиҷаи баррасӣ нисбат ба 689 шахс огоҳӣ ва нисбат ба 752 нафар ба маблағи 129 389 сомонӣ ҷарима таъин шудааст.

 Судҳои вилоят дар нимсолаи аввали соли 2020 аз рӯи маблағҳои боҷи давлатӣ, ҷарима, мусодираи амвол ба тариқи маблағҳои пулӣ, товони зарари аз тасарруфи амволи давлатӣ ва зарари аз дигар ҷиноятҳо расонидашуда, инчунин аз рӯи даъвоҳои прокурорҳо ва аз рӯи навиштаҷоти иҷроишии мақомоти гуногуни давлатӣ, маблағи умумии 6 054 053 сомонӣ амалан ба буҷети ҷумҳурӣ рӯёнидаанд.

 Роҳбарияти суди вилояти Суғд ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар рӯзҳои шанбе 120 нафар шаҳрвандро қабул намуда, арзу шикоятҳои онҳоро мавриди баррасӣ қарор додааст.

Дар интиҳо бо рӯзноманигорон суолу ҷавоб доир шуд.

Сурайё ҲАКИМОВА

«Ҳакиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh