Қоидаҳои беҳдоштиро риоя бояд кард

- Натиҷаи ғамхориҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки баробари дар кишвар ба қайд гирифта шудани бемории сироятии коронавирус маводи безараргардонӣ, либосҳои муҳофизатӣ ниқобҳо ва дастпӯшакҳои яккарата, дорувориҳои зиддивирусӣ ва дезинтоксикатсионӣ ба миқдори кофӣ захира шуданд.

Ҳамчунин, дар ҳамкорӣ бо ҶСШК «Ширкати саноатии Тоҷикистону Хитой» 10 таҷҳизоти нафасдиҳии сунъӣ, 8140 либоси махсуси муҳофизатии тиббӣ, 429 термометри фосилавӣ, 6200 қуттӣ дорувории гидроксилхлорхинин, 99600 ниқоби тиббӣ ройгон ворид шуд. Агар аз фонди хайриявии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 5000 адад либоси муҳофизатии махсуси тиббӣ ворид гардида бошад, аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Шамсулло Соҳибов 4 дастгоҳи нафаси сунъӣ, 4 оксигенератор, 1650 либоси махсуси муҳофизатии тиббӣ, 1558 адад ниқоби махсуси пластикӣ, 1028 айнаки муҳофизатӣ ва аз ҷониби прокуратураи вилоят 100 маҷмуъ либоси муҳофизатии махсуси тиббӣ ворид шуд, ки ҳамаи молу маводи воридотӣ ба муассисаҳои тандурустии шаҳру навоҳӣ аз рӯи дархост тақсим гардид, - гуфт дар нишасти матбуотӣ бо рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ сардори Раёсати нигаҳдории тандурустии вилоят Фаррух Мақсудзода.

Боиси тазаккур аст, ки дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят «Маркази тамоси вилояти Суғд оид ба масъалаҳои COVID-19» бо 6 телефони боварӣ созмон ёфта, бо аҳолӣ фаъолияти густурда дорад.

Нуқтаҳои санитарию карантинӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ фаъолият дошта, бо мутахассисони эпидемиолог ва сироятшинос таъмин мебошанд. Бояд гуфт, ки аз гузаргоҳҳои сарҳадии вилоят 7117 нафар шаҳрванди кишвар дар муассисаҳои тиббӣ барои назорат ва муоина ба карантин гирифта шудаанд. Ҳолати умумии бистаришудагон қаноатбахш буда, бо се маҳал хӯроки гарм таъмин мешаванд. Пас аз гузаронидани таҳлилҳои озмоишии вирусологӣ бо хулосаҳои манфӣ ба хона ҷавоб шуда, таҳти назорати табибони оилавии макони зист қарор мегиранд. Кормандони соҳаи тандурустӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки нисбат ба пешгирӣ ва паҳншавии мавҷи дуюми COVID-19 тамоми имкониятҳоро истифода бурда, хизматрасонии тиббиро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.

- Аз шаҳрваандон, фурӯшандагони бозору мағоза, кормандони ошхонаву тарабхона, сартарошхонаву кошонаҳои ҳусн даъват ба амал оварда мешавад, ки гигиенаи шахсию ҷамъиятиро қатъӣ риоя намоянд, бе истифодаи ниқоби муҳофизатии тиббӣ бо дигарон ҳамсуҳбат нашаванд, фосилаи гуфтугӯро риоя намоянд, - зикр кард Ф.Мақсудзода.

Рӯзноманигорони воситаҳои ахбори омма ба суолҳои худ аз сардори Раёсати нигаҳдории тандурустӣ ҷавобҳои саҳеҳ гирифтанд.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

 

Add comment


Security code
Refresh