Соҳилмустаҳкамкунӣ ба анҷом расид

- Дар нимсолаи аввали соли 2020 дар ҳудуди вилоят 260 ҳодисаи фавқулоддаи хусусияти гуногундошта ба қайд гирифта шуд, ки бар асари он 64 нафар ба ҳалокат расидаанд. Маблағи зарар 42 миллиону 986 ҳазору 544 сомониро ташкил дод.

Ҳамчунин, 4 ҳодисаи фавқулоддаи хусусияти табиидошта ба қайд гирифта шуд, ки зарари он 41 миллиону 256 ҳазору 698 сомониро ташкил намуд. Аз ин маблағ 38 миллиону 787 ҳазору 300 сомонӣ зарари соҳаи кишоварзӣ мебошад. Дар натиҷаи офати табиӣ 2 нафар ба ҳалокат расидаанд, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали раиси Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граҷданӣ дар вилояти Суғд Анвар Қосимов.

- Фаъолияти гурӯҳи мазкур аз санаи 27 – уми апрел оғоз шуда, то ба имрӯз дар биноҳои баландошёна, хонаҳои истиқоматӣ, ташкилоту идораҳо ва дигар иншооти шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Бобоҷон Ғафуров ва Айнӣ дар масоҳати умумии 609 ҳазору 694 метри мураббаъ корҳои безараргардонӣ бо истифода аз маҳлули гипохлориди натрий гузаронида шуд, - гуфт Анвар Қосимов.

Бо мақсади пешгирӣ намудани ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳру ноҳияҳои Ашт, Айнӣ, Гулистон, Шаҳристон, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Кӯҳистони Мастчоҳ, Панҷакент, Конибодом ва Исфара корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва тоза кардани селроҳаҳои хавфнок ба анҷом расонида шуд.                    

Ҳамчунин, А.Қосимов доир ба ҳодисаи ғарқшавӣ гуфт, ки яке аз масъалаҳои нигароникунанда ба шумор меравад, аз ин рӯ бо мақсади пешгирии ҳодисаи ғарқшавӣ аз оғози мавсими оббозӣ наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии вилоят барои пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавии аҳолӣ дар «Баҳри Тоҷик» - и шаҳри Гулистон ва дарёи Сири шаҳри Хуҷанд сафарбар шуданд ва мавзеъҳое, ки бештар аҳолӣ ба оббозӣ машғул мешаванд, зери назорат қарор доранд.

Дар нимсолаи якуми соли 2020 – ум 11 ҳолати ғарқшавӣ бо сабабҳои гуногун дар кӯлу дарё ва обанборҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ба қайд гирифта шуд. 4 нафар аз тарафи наҷотдиҳандагон наҷот дода шуда, ҷасади 7 нафар аз об бароварда шуд.

Дар анҷоми нишасти матбуотӣ доир ба фаъолияти Раёсат аз ҷониби рӯзноманигорон суолҳои мухталиф дода шуд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh