Захираи маҳсулот барои давраи зимистон

Захираи маҳсулоти кишоварзиро барои гузаронидани давраи зимистон сокинони вилоят бо тарзу намудҳои гуногун анҷом медиҳанд. Агар чанде номгӯи маҳсулотро бо роҳи хушконидан ва ё дар шароити сардхона ба таври тару тоза захира намоянд, усули дигари маъмул ин консервакунонӣ, инчунин омода намудани афшураю шарбат ва хуришу мураббо мебошад. Дар мавсими ҳосилғундорӣ сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов сабзавоту мевагиро ба миқдори зарурӣ консерва намуда, дар фасли зимистон аз он истифода мебаранд. Имсол низ сокинон бо истифода аз шароити мусоид дар ҳар як хона аз помидору бодиринг, карам, мевагӣ ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ хуришҳои гуногун, мураббо, консерваҳо ва шарбату афшура омода карда истодаанд.

Бояд гуфт, ки қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ қатъӣ риоя гардида, занону духтарони ҷавон аз рӯи тавсияи нафарони соҳибтаҷриба амал менамоянд. Оилаи Шодиевҳо барои захираи маҳсулот қариб аз ҳамаи намуди меваю сабзавоти дар минтақа парваришмеёфта, инчунин ҳосили зироати сабзавотӣ истифода ва дар ин хонадон коркардшуда, бо риояи қоидаҳои муқарраргардида захира мешаванд. Маҳсулоти омодагардида дар таҳхона, ки дараҷаи ҳарорат дар он мувофиқи матлаб аст, захира ва нигоҳ дошта мешавад.

Гуфтан ҷоиз аст, ки ҳамаи маҳсулоти захиранамудаи ин хонадон маҳсули дастранҷашон мебошад. Дар замини наздиҳавлигӣ қариб ҳамаи намуди меваҷоту сабзавот, аз қабили шафтолу, зардолу, олу, гелос, олуча ва помидору бодиринг парвариш ва аз он самаранок истифода мебаранд.

Ҳамчунин, хоҷагии ёрирасони Коллеҷи муҳандисӣ - омӯзгории ноҳияи Ҷаббор Расулов низ дорои 32 гектар замини корами обӣ буда, замин самаранок истифода мегардад. Ҳангоми боздид маълум шуд, ки дар 27 гектар замини хоҷагии ёрирасон пахта, мош, ҷуворимакка, пиёз, помидору бодиринг ва беда шуда, 3,7 гектар боғи зардолу ва шафтолу мавҷуд аст. Мошу бодиринг ва турб натиҷаи кишти такрорӣ буда, нашъунамои зироатҳо хуб ба назар мерасад. Имрӯз масъулини хоҷагии ёрирасон маҳсулотҳои кишткардаи худро барои зимистон захира намуда истодаанд ва ҷамъоварии маҳсулот идома дорад.

Баробари оғоз гардидани ҷамъоварии ҳосил дар минтақа аъзои оила нақша доранд, ки дар ин ҷода боз ҳам бештар корбарӣ намоянд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh