Раиси вилоят собиқадори соҳаи кишоварзӣ Каримҷон Ҷӯраевро аёдат намуд

Дар охири сафари корӣ ба шаҳри Конибодом Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода собиқадори соҳаи кишоварзӣ, сокини Ҷамоати деҳоти Пӯлотон Каримҷон Ҷӯраевро аёдат кард.

Каримҷон Ҷўраев 27 августи соли 1947 дар деҳаи Пўлотони шаҳри Конибодом дар оилаи деқон таваллуд шудааст.

Ў соли 1969 Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи аграрии ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур)-ро бо ихтисоси олим-агроном хатм намудааст.

Мавсуф аз соли 1969 то соли 2010 дар вазифаҳои гуногуни соҳаи кишоварзӣ фаъолият бурдааст. Аз ҷумла дар колхози Москва (ҳозира ҶСШК ба номи Э.Бойматова) 18 сол ҳамчун агроном фаъолият бурдааст.

Аз соли 1997 то соли 2007 дар вазифаи сардори раёсати кишоварзии шаҳр кор ва фаъолият дошт.

Барои хизматҳояш соли 1998 бо медали «Хизмати шоиста» ва соли 2004 бо унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh