Ворух рух во кардааст!...

Деҳоти Ворухи шаҳри Исфара аз минтақаҳои дурдасти Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор рафта, дар роҳи рушд қадамҳои устувор мегузорад. Дар зарфи наздик 30 соли Истиқлолияти давлатӣ дар ин куҳандиёри аҷдодӣ иншооти зиёди таъиноташ гуногун сохта, мавриди истифода қарор дода шудааст. Мардуми меҳнатқарини деҳоти Ворух аз ғамхориҳо ва дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бархурдоранд ва ҳамаи дастовардҳои худро натиҷаи талошҳои шабонарӯзии Сарвари давлат ва кӯшишу меҳнатҳои ҳалоли халқи меҳнатқарин медонанд.

Агар ба таърих назар афканем, деҳоти Ворух чун дигар минтақаҳои қадимаи Тоҷикистон таърихи ҳазорсолаҳо дорад. Дар китобҳои қадим, ба мисли «Авесто» ва «Бобурнома»-и Зуҳриддин Бобур доир ба Исфара маълумот дода шуда, аз Ворух ном бурда мешавад. Дар «Бобурнома» аз ҷумла омадааст ки: «Дар кӯҳпоя воқеъ аст. Обҳои равон, боғчаҳои босафо дорад. Дарахтони босамараш бисёр, вале бештари боғчаҳояш рахти бодоманд. Мардумаш тамом сорт ва кӯҳӣ, форсӣ гӯянд. Вилояти Исфара чор қисм кӯҳпоя аст: яке Исфара, дигаре Ворух, сеюм Сӯх, чорум Ҳушёр». Таърихнигорон чунин мешуморанд, ки: «Дар Авесто сухан аз ҳафт кишвари яздонӣ меравад, ки дар замони тӯфони ҷаҳонӣ наҷотгоҳи башар маҳсуб мешуданд. Он ду кишвари шимолӣ бо номҳои Воруба раштӣ ва Воруҷа раштӣ бо Румон чун наҷотгоҳ сутуда шудаанд ва дар замони Фаридун номи ин ду кишвар ба Саразм табдил ёфт. Ворӯи Панҷакенти имрӯза, Ворухи ноҳияи Исфара ва Румони шаҳри Хуҷанд дар Авесто бо номи ҳиндуаврупоӣ башорат медиҳад».

Имрӯз дар деҳоти Ворух беш аз 30 ҳазор нафар аҳолӣ умр ба сар мебаранд. Мардумаш дар пос доштани анъанаҳои гузаштагон ва рушди ҳунарҳои аҷдодӣ саҳми арзанда мегузоранд. Масалан, ҳунари оҳангарӣ, ки таърихи куҳан дорад, дар Ворух то ба ҳол побарҷост. Мардум бо истифода аз ҳунари оҳангарӣ на танҳо зиндагиашонро пеш мебаранд, балки онро аз насл ба насл мерос мегузоранд. Агарчи имрӯз ба маҳсулоти оҳангарӣ таваҷҷуҳ камтар аст, вале муҳим ин аст, ки дар ҳеҷ давру замон оҳангарӣ аз байн намеравад.

Осиё бештар аз 50 сол мешавад, ки фаъолият дорад. Мардуми маҳаллаи Сариқурумаи деҳоти Ворух гандум ва дигар ғалладонагиҳоро ба ин ҷо меоваранд, то орд кунанд. Бо ибтикори соҳибкорону саховатмандони маҳал соли ҷорӣ бинои осиё таъмиру навсозӣ гардида, дар шафати он обҷувоз қомат афрохтааст. Корҳои сохтмониву навсозӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Сокинони деҳоти Ворух ба иншооти таърихӣ бо назари нек менигаранд ва дар ҳифзу гиромӣ доштани он кӯшиш ба харҷ додаанд. Дар иҷрои корҳои созандагӣ мардуми Ворух дастаҷамъона саҳми арзанда мегузоранд ва навсозии бинои осиё нишонаи иттифоқу ҳамдилии меҳнаткашони деҳоти Ворух мебошад.

Дар деҳоти Ворух ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд, таъмиру навсозии беш аз 40 иншооти таъиноташ гуногун дар назар дошта шуда, дар қисме аз он корҳои сохтмонӣ бомаром пеш мераванд. То ба имрӯз як қисмати иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст, ки дар беҳбудии сатҳи зиндагии мардум нақши худро мегузорад. Дар баробари маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва мақомоти маҳаллии шаҳри Исфара, соҳибкорони баландҳиммат ва саховатпешагони деҳоти Ворух барои бунёди иншоооти гуногун камари ҳимат бастаанд. Илова бар ин, мардуми бонангу номуси деҳоти Ворух кӯчаҳои деҳотро мумфарш намуда, бо ин васила дар ободонии маҳалли зисти хеш ҳиссагузорӣ мекунанд. Мардум тасмим гирифтаанд, ки ҷашни бузурги миллӣ - 30-солагии Истиқлолияти давлатиро бо меҳнати содиқона ва дастовардҳои арзанда истиқбол бигиранд. Қомат афрохтани иншооти мухталиф, ба монанди сартарошхона, марказҳои савдо, мактабҳои наву замонавӣ, қасри фарҳанг, майдончаҳои варзишӣ ва даҳҳо иншооти дигар нишонаи возеҳи ободкориҳо ва пуштибонии мардуми Ворух аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Кормандони касбу кори гуногун бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот ва пойдории Истиқлолияти давлатӣ имрӯзҳо фаъолияти пурсамар доранд.

Маориф яке аз соҳаҳои афзалиятнок ба шумор рафта, бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ ба ин соҳа сол аз сол зиёд мегардад. Беҳтар шудани шароити таълиму тарбия дар деҳот имкон фароҳам овард, ки сатҳи донишу маърифати наврасону ҷавонон боло равад. Айни замон дар деҳоти ворух 11 муассисаи таълимӣ мавҷуд буда, дар онҳо зиёд аз аз 5300 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Бо мақсади фароҳам овардани шароити хуби таълим дар назди муассисаҳои таълимӣ биноҳои нави иловагӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Мисоли ин гуфтаҳо дар шафати бинои яке аз муассисаи таълимии деҳоти Ворух бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 8 синхонаи барҳавои замонавӣ бунёд шудааст. Омӯзгорону хонандагони ин боргоҳи маърифат аз ин таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ рӯҳбаланд гардида, изҳор медоранд, ки ҷавобан ба таълиму тарбияи наврасон дучанд кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Китобхониву китобдорӣ чун дар гузашта имрӯз ҳам муҳимияти худро гум накарда, баръакс ба он ибтикори бештар равона шудааст. Дар муассисаҳои таълимии деҳоти Ворух бо таваҷҷуи Ҳукумати мамлакат ва саҳми соҳибкорони ватандӯст шароити китобхониву китобдорӣ ба талаботи замони имрӯз мутобиқ гардонида шудааст. Хонандагон бо шавқи зиёд дар чунин ҳуҷраҳои барҳаво ба мутолиаи адабиёти гуногун машғул мешаванд. Дар доираи эълон гардидани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба китобхонаҳои муассисаҳои таълимии деҳоти Ворух номгӯи зиёди асарҳои тозанашр дастрас карда шудааст. Илова бар ин солҳои охир ба масъалаи тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ эътибори хоса дода шудааст. Ҳамин аст, ки ҷавонон дар ҳифзи марзу бум садоқати худро нишон дода, ихтиёран ба хидмати Модар-Ватан равона мешаванд.

Бо назардошти зиёд шудани аҳолӣ дар деҳоти Ворух маҳаллаҳои нави аҳолинишин бунёд гардида истодаанд. Яке аз чунин маҳаллаҳо ин маҳаллаи Сангтӯда аст, ки қисми зиёди мардум аллакай манзилҳои истиқоматии худро бунёд намудаанд. Дар ин маҳаллаи нав бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ сохта мешавад. Корҳои сохтмонӣ дар иншоот бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оғоз гардидааст. Бино ба маълумоти масъулини Кумитаи идораи замини шаҳри Исфара, дар ин маҳалла ҳамзамон инфрасохтори зарурӣ низ қомат хоҳад афрохт.

Аз тозакориҳо ва ободониҳо пай бурдан мумкин аст, ки деҳоти Ворух сол аз сол симои худро дигар намуда, ба як макони ободу ҳамешабаҳор ва маҳалли зисти мардуми меҳнатдӯсту сулҳпарвар табдил ёфта истодааст. Сокинони деҳоти Ворух аз хурд то бузург дар ҳифзи манофеъи миллӣ, марзу бум ва гиромӣ доштани ҳар зарра хоки Ватан ва ҳар қатра оби он ҷоннисорӣ мекунанд. Мардум на бо забон, балки бо амалу рафтор гуфтаҳои болоиро тасдиқ менамояд. Зиёд шудани сафи соҳибкорони баландҳиммат дар деҳоти Ворух ба рушди ҳамаҷонибаи соҳаҳои мухталиф замина мегузорад. Мисоли равшан дар минтақаи Чорчинори деҳоти Ворух бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ ду майдончаи варзишии замонавӣ бунёд гардида, дар хизмати мардум қарор доранд. Наврасону ҷавонон вақтҳои фориғ аз дарс ва ташвишҳои рӯзгор дар чунин майдончаҳои замонавӣ ба варзиш машғул гардида, саломатии худро нигоҳ медоранд. Бино ба маълумоти додашуда, дар ояндаи наздик дар шафати иншооти варзишӣ як меҳмонхона ва як ҳавзи шиноварӣ сохта шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Бо амалӣ шудани ин нақшаҳои нек минбаъд сайёҳон метавонанд аз манзараҳои дилфиреби Ворух баҳраманд гардида, дар меҳмонхонаи навбунёд ҷой бигиранд. Қобили қайд аст, ки дар деҳоти Ворух зарфиятҳои сайёҳӣ то ба ҳол ба пуррагӣ истифода нашудааст ва дар сурати бунёди инфрасохтори зарурӣ дар ин самт дастовардҳо бештар мегардад.

Дар деҳоти Ворух ба рушди ҳамаҷонибаи соҳаи тандурустӣ диққат дода шуда, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба беморхонаи Ворух таҷҳизоти зарурии тиббӣ дастрас карда шудааст. Ҳамин аст, ки амалиёти ҷарроҳӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии тиббӣ дар худи беморхонаи деҳоти Ворух анҷом дода мешаванд. Мутахассисони соҳаи тиб маҳорату малакаи хуб доранд ва таҷрибаҳои қаблӣ нишон дод, ки табибони беморхона дар ҳифзи солимии аҳолӣ ҳамеша омода ҳастанд.

Дар гузашта беморхонаи деҳоти Ворух ба таъмир ниёз дошт ва соҳибкорони бурунмарзӣ, ки парвардаи ин хоку оби ин минтақа ҳастанд, тасмим гирифтанд, ки дар ҳошияи ҳидоятҳо ва раҳнамоиҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беморхонаро таъмир намоянд. Айни замон корҳои навсозӣ дар бархе аз шуъбаҳо, аз ҷумла таваллудхона қисман анҷом ёфта, дар шуъбаҳои дигар ҷараён дорад. Бинои дигари беморхона пурра таъмир ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Сокинони деҳоти Ворух аз ин таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ изҳори хушҳолӣ ва қаноатмандӣ мекунанд. Мусаллам аст, ки деҳоти Ворух аз маркази шаҳри Исфара дар масофаи беш аз 40 километр дуртар ҷойгир аст. Аз ин лиҳоз, дар беморхонаи марказӣ ва дигар иншооти соҳаи тандурустӣ барои сари вақт ташхису табобат намудани беморон шароити зарурӣ муҳайё шудааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара барои рафъи мушкилоти мавҷуда дар соҳаи тандурустӣ тадбирҳои саривақтӣ меандешанд.

Дар деҳоти Ворух рушди соҳаи кишоварзӣ низ ба чашм мерасад. Дар ин минтақаи кӯҳсор мардум асосан ба чорводорӣ ва боғдорӣ машғуланд. Дар доираи Барномаҳои давлатӣ оид ба рушди боғу токпарварӣ дар деҳоти Ворух боғҳои кӯҳна барқарор ва майдони боғоти нав зиёд мегардад.

Дар ин боғот асосан дарахтони себу зардолу ва олуву дигар намуди дарахтони ба иқлим мувофиқ парвариш карда мешаванд. Ҳоло дарахтони себи боғҳои Ворух пур аз ҳосил буда, бо фаро расидани мавсими ҷамъоварӣ ин меваҳои шаҳдбор ба бозори истеъмолӣ ворид мешаванд. Заҳмати мардуми меҳнатқарини ин минтақаро дарахтони себ бозгӯӣ мекунанд.

Моҳипарварӣ аз ҳар нафар сабру таҳаммули зиёдро талаб мекунад. Баҳодур Сангинов дар ташкили хоҷагии моҳипарварӣ ҷоеро интихоб намуд, ки дар гузашта замини аз истифодаи умум берун ва як мавзеи нообод будааст. Шавқи беандоза ва заҳмати чандинсола ниҳоят самар дод ва кори моҳипарварии ин хоҷагӣ баъди чандин сол пеш меравад. Се соли аввал хоҷагии моҳипарварӣ фоида ба даст наовардааст. Вале умеду боварӣ ба фардо аҳли заҳматро рӯҳбаланд менамуд. Имрӯз дар чор ҳавз навъи моҳиҳо парвариш меёбанд ва рӯзҳои наздик ба бозори истеъмолӣ ворид мешаванд. Рушди моҳипарварӣ ва фароҳам овардани шароит имкон медиҳад, ки дар ин минтақа, яъне деҳоти Ворух сайёҳӣ низ ривоҷ ёбад. Сайёҳон минбаъд на танҳо моҳиро харидорӣ мекунанд, балки метавонанд, сайди онро низ анҷом бидиҳанд. Баҳодур Сангинов дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро дар мавриди рушди моҳипарварӣ сармашқи кори худ намуда, барои ноил гардидан ба дастовардҳои бештар талош намуда истодааст. - Моҳипарварӣ хусусияти хоси худро дорад ва дар сурати камтаваҷҷуҳӣ саршумори он зиёд намегардад, - мегӯяд ин моҳипарвар.

Таърих гувоҳ аст, ки Ворух дар тӯли 29 соли пойдории Истиқлолияти давлатӣ дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошт ва минбаъд ин таваҷҷуҳ дучанд гардида, нақшаҳои нек амалӣ мешаванд. Сокинони меҳнатқарини Ворух чун дигар минтақаҳои кишвар дар рушди тамоми соҳаҳо, ободии диёри худ, ҳифзу гиромӣ доштани дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва арзишҳои миллӣ, манофеи давлатӣ саҳми арзанда мегузоранд. Зеро мо як Ватан ва як модар дорем, ки номаш Тоҷикистон аст. Рушди Ворух ин рушди Тоҷикистон мебошад.

Субҳиддин Қодиров,

рӯзноманигор

Add comment


Security code
Refresh